
(Дар ҳошияи ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ аз 19 майи соли 2026)
Дар ҳар давру замон, дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое барҷастае арзӣ вуҷуд кардаанд, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди хештаншиносӣ хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд. Дар сарзамини тоҷикон абармардони зиёд ба дунё омадаанд, ки бо хирад, заковат ва дониши хеш ба дараҷае шӯҳрат пайдо кардаанд, ки мақому манзалаташон ҳамеша боиси ифтихор ва қадрдонӣ мебошад. Ёд овардан ва муаррифӣ кардани шуҷоату далерӣ ва бузургиву тавонмардии онҳо далели эҳтиром ба таърих ва фарҳанги халқи тоҷикон мебошад.
Дар ин росто, бояд қайд кард, ки 18 майи соли ҷорӣ дар оромгоҳи Донскойи шаҳри Москва маросими қабули мушти хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад баргузор гардид. Мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат 19 майи соли 2026 ба Душанбе оварда шуда, ҳамчун рамзи ворисии наслҳо ва робитаи ногусастании гузаштаи таърихӣ бо имрӯзу ояндаи кишвар, бахше аз маҷмааи миллии ёдгорӣ хоҳанд шуд.
Иқдоми қабул ва овардани хоки рамзӣ, инчунин ба замини аҷдодӣ супоридани хоки қаҳрамонони Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, рӯйдоди муҳиме дар партави сиёсати давлатӣ дар масири барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба хотираи миллӣ арзёбӣ мегардад. Он ҳамчунон таҷассумгари пайвастани маънавии чеҳраҳои таърихӣ бо Меҳан аст, ки ҳаёти худро ба хидмати мардум бахшиданд.
Бояд қайд кард, ки Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар солҳои 1920-1930-юм иродаи қавии сиёсӣ нишон дода, аз ҳуқуқи миллати тоҷик барои рушду хештаншиносӣ дифоъ кардаанд. Ҳамзамон, Нисор Муҳаммад низ дар ташаккули асосҳои фарҳангсолорию маорифпарварии давлат саҳми назаррас гузоштааст. Ғояҳо ва мероси шахсиятҳои мазкур аз имтиҳони замон гузаштанд ва ҳамчун нишони эътирофи хидматҳои шоёни онҳо, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур пас аз вафот унвони олии давлатии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 майи соли ҷорӣ дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, таъкид доштанд, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд.
Воқеан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз хизматҳои таърихии фарзандони фарзонаи Ватан мавриди омӯзиш ва қадршиносии шоиста қарор гирифта, ном ва корномаи онҳо ҳамчун намунаи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқату фидокорӣ ба давлату миллат гиромӣ дошта мешавад.
Иқдоми мазкур ҳамчун идомаи сиёсати фарҳангпарварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шуда, бори дигар собит менамояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расидан ба Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавонист таъриху фарҳанги миллати хешро ба ҷаҳониён шинос намояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гашта, даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд. Аз ҷумла, ҷашни 1100 – солагии давлатдории Сомониён, 2700 – солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150 – солагии устод Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000 – солагии Носири Хусрав, 800 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 – солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, 2500 – солагии шаҳри Истаравшан, 3000 – солагии маданияти Ҳисор, 5500 – солагии Саразми бостонӣ, ҷашни 2500 – солагии Тахти Сангин, азнавсозии Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ва даҳҳо ҳамоиши дигар мебошанд.
Ҳамаи ин ташаббусу чорабиниҳои баргузор гашта, аз саҳми хоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар эҳё ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Зеро, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, рӯ овардан ба таърих ва шуҷоату далерии шахсиятҳои бузурги миллати хеш амалӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳар шаҳрванди кишварро зарур аст, ки барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихӣ ва аҷру қадр намуддани шахсиятҳои барҷаста ва фарзандони сарсупурдаи миллати мо доимо кушиш намоянд.
Ба ватан овардан аз мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллати Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин Нисор Муҳаммад рӯйдоди муҳимми таърихӣ ва рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат аст, ки дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Ҳамзамон, рӯйдоди мазкур, нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад.
ҲОШИМОВ ФИРӮЗ ҶАББОРОВИЧ,
муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ,
Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд.
