
Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, қаблан зимни изҳоротҳои хеш нисбат ба яке аз пайравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, ки мунтазам тавассути канали YouTube – «Ислоҳ.tv» («Ислоҳ.net») дар барномаи «Минбари муҳоҷир» баромадҳои иғвоангезона ва хусусияти ифротидошта анҷом медиҳад, андешаҳои худро баён намуда будем.
Бояд қайд кард, ки зимни изҳороту мақолаҳои ташкилоту муассисаҳои кишвар, бахусус ҳайати омӯзгорону профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бо назардошти далелҳои асоснок ва раднашаванда баромадҳои М. Садриддин борҳо шадидан маҳкум гардидаанд. Аммо то ҳол ӯ аз ин хулосаи зарурӣ набароварда, аз оғози соли равон то имрӯз, аз ҷумла 24 майи соли ҷорӣ, дар барномаи «Минбари муҳоҷир» боз ровигиро ба уҳда гирифта, бо ҷалби ҳаммаслакон ва думравони худ, ки бо лақабҳои гуногун баромад мекунанд, роҳбарияти сатҳҳои гуногунро мавриди танқид ва ғайбат қарор дода, оид ба тағйири вазъияти кишвар андешаҳои беасос баён намудааст.
Пеш аз ҳама бояд таъкид намуд, ки шахси соҳибмаърифат ва дорои фарҳанги баланди суханронӣ дар минбар бо риояи қоидаҳои забони давлатӣ ва меъёрҳои имло сухан мегӯяд. Вале аз муҳтавои баромадҳо ва ҳатто навиштаҳои ҷонибдорони онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мегардад, ки аксаран ба хатогиҳои зиёди забонӣ ва имлоӣ роҳ медиҳанд. Барои мисол, дар шарҳҳои зерини онҳо чунин ҳолатҳо мушоҳида мешаванд:
@SUMAYA-m3s: «АХМАД АЛЛОХ ДАР КУРОН МИГА ТО КИ ЩУМО ТАГИР НАГИРЭД КАС БАШУМО КУМАК НАМЭКУНАД …»
@Zvezda19989: «халк бз охи хар руз конуни нав хама хован»
@Тимур123-у3з: «33сол химояа назад намекнаа бедоршен»
Ба хонандаи закӣ шарҳу эзоҳи бештар зарур нест.
Мо аз баромадҳои бадхоҳони миллат хулосабарорӣ намуда, бори дигар иброз медорем, ки М. Садриддин ва думравони ӯ, инчунин пайравони андешаҳои ифротӣ, ҳаргиз дар фикри амният, осоиштагӣ ва пешрафти миллату Ватани азизи мо нестанд. Ҳар як фарди солимақл борҳо дидаву шунидааст, ки ӯ тавассути шабакаҳои интернетӣ чӣ гуна мардумро ба низоъ ва муқобилгузорӣ таҳрик медиҳад.
Мо ба мардуми бедору зирак ва ҳушёри кишварамон, махсусан ҳамватанони бурунмарзиамон, боварии комил дорем, ки ба чунин даъватҳои иғвоангез дода нашуда, ҳамеша манфиатҳои миллӣ ва суботи ҷомеаро аз ҳама боло мегузоранд.
Мубориза бар зидди чунин хатарҳо на танҳо вазифаи давлат ва Ҳукумат, балки масъулияти тамоми ҷомеа, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои шаҳрвандӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд барои таҳким ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорем.
