
Мушоҳида ва таҳлилҳои солҳои охир собит менамоянд, ки ташкилотҳои байналмилалии террористӣ фаъолияти муғризонаи худро тавассути шабакаи Интернет ба роҳ мондаанд. Бо истифода аз Интернет, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоии «Facebook», «Odnoklassniki» ва дигар барномаҳои месенҷерӣ, онҳо ақидаҳои таҳрифшудаи бунёдгароӣ, ҷиҳод ва мубориза бо кофиронро тарғиб намуда, идеяҳои ифротгароӣ ва терроризмро таҳти пӯшиши динӣ паҳн мекунанд. Дар чунин шароит гурӯҳҳои динии бардурӯғ пайравони худро дар рӯҳияи таассуб, нотаҳаммулӣ нисбат ба дигар динҳо ва ксенофобия тарбия менамоянд.
Дар марҳилаи кунунӣ усулҳои гуногуни фаъолияти шабакаҳои террористӣ дар Интернет муайян карда шудаанд, аз ҷумла:
– **ҷанги равонӣ**, ки барои паҳн намудани иттилооти бардурӯғ, таҳдид, барангехтани тарсу ҳарос, эҳсоси нотавонӣ ва намоиши амалҳои даҳшатовар истифода мешавад;
– **реклама ва таблиғот**, ки барои муаррифӣ ва тарғиби фаъолияти онҳо хизмат мекунад. Агар қаблан террористон барои паҳн намудани ғояҳои худ аз телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма истифода мебурданд, имрӯз Интернет ин равандро осонтар намудааст;
– **ҷамъоварии маблағ**, ки барои такмили фондҳо ва дастгирии фаъолияти онҳо равона мегардад;
– **ҷалб ва сафарбаркунӣ**, ки на танҳо барои дарёфти кӯмакҳои молиявӣ, балки барои ҷалби аъзои нав ва густариши доираи ҷонибдоронашон истифода мешавад;
– **таъсиси шабакаҳои ҳамкорӣ**, ки тавассути он бо дигар ташкилотҳои террористӣ робита ва ҳамоҳангиро ба роҳ мемонанд.
Ҳамин тариқ, бояд қайд намуд, ки дар ҷаҳони муосир ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои ифротгарою террористӣ бо истифода аз дастовардҳои нави технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш менамоянд тавассути хабарҳои бардурӯғ аъзои навро ба сафи худ ҷалб намоянд.
Дар фарҷоми андеша метавон гуфт, ки мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир ба ҳисоб меравад. Умуман, хатарофаринӣ дар фазои иттилоотӣ яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ барои инсоният ва ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияҳои муосир пайваста шаклу усулҳои навро касб менамояд.
Аз ин рӯ, ҷавонони ватандӯсти мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури наврасону ҷавонон мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд. Масъулияти шаҳрвандӣ ва фарзандии ҳар яки мост, ки барои пешгирӣ ва решакан намудани ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ саҳм гузорем. Танҳо бо талошҳои муштарак метавонем амният, субот ва ваҳдати ҷомеаро ҳифз намоем.
М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ
