Зуҳуроти номатлуби замони муосирро мањкум менамоем!

Ифротгароӣ ва тундгароӣ аз ҷумлаи зуҳуротҳои номатлубе мебошанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатии ҳар як кишвар, хусусан Тоҷикистони соҳибистиқлол хатар эҷод мекунанд. Аз таҳлилу таҳқиқи маводҳои илмӣ, барномаҳои ВАО  хулоса баровардан мумкин аст, ки дар баъзе кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин, алалхусус кишварҳои арабӣ ин ҷараёнҳо густариш ёфтааст. Яке аз омили асосии “ифротгароӣ ва терорризми исломӣ” ном гирифтани ин зуҳуротҳои хатарнок дар он аст, ки як идда гуруҳҳои ҷинояткор ва бо асли ислом бегона, барои татбиқи ғаразҳои сиёсии худ аз шиорҳои исломӣ сӯистифода мебаранд. Онҳо даъвои “пуштибонӣ аз ислом”, бунёди “хилофати исломӣ” ва “ислоҳи ислом ва мусулмонон”-ро баҳона пеш оварда, аслан барои амалӣ сохтани ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсии худ ва фармонравоҳои хориҷиашон талош менамоянд. Ба монанди қатлу кушторҳои ваҳшиёнаву гӯшношуниде, ки ин гурӯҳҳои ҷинояткор дар қаламрави Шому Ироқ, Афғонистон, Нигерия, инчунин кишварҳои дигари ҷаҳон содир намуда истодаанд, аслан бо дини мубини ислом ҳеҷ гуна рабте надоранд.

Яке аз чунин ҷараёнҳои вайронкор равияи “Салафия” маҳсуб меёбад. Решаҳои равияи “Салафия” таърихи қадима дошта, аз давраҳои пайдоиши дини Ислом, аз замони хулафои рошиддин маншаъ мегирад. Дар шароити имрӯза  вазифаи ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст ва мусулмон, бахусус ҷавонон аз он иборат аст, ки барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил саъю талош варзем ва худро аз чунин ҷараёнҳои номатлуб дур гирем.

Роҳбарону масъулони ин созмони террористӣ бо хотири ба даст овардани маблағҳои ночиз заминаи ихтилофи мазҳабиро ба вуҷуд оварданд.

Ин ифротгароён бо рафтору кирдори хоинонаи худ имрӯз низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз пайи буҳтонҳои беасоси худ нисбат ба Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷиашон туҳфаҳои ҷимматбаҳо мегиранд.

Роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар дар паноҳи хоҷагони худ қарор дошта,бо ҳар роҳ мехоҳад Ҳукумати Тоҷикистонро бадном намояд. Дар баробаре, ки номбурда чун саги моргазида дум ликконда мегашт, имрӯз бо як фитнагари дигар Салимпур, ки ба ном хабарнигор аст, мехозанд фазои осудаи моро ноором созанд.

Як чиро бояд иброз намуд, ки рафтору кирдори онҳо хилофи таълимоти дини мубини ислом буда, омили бадномкунандаи муқаддасоти Ислом дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки наҳзатизо арзишҳои муқаддас, яъне Ватану миллатро фурӯхта, зери пой кардаанд ва ҳатто, барои ҷоҳу маблағ шуда, мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул намудаанд.

Имрӯз бадхоҳони миллат, зархаридону хоинон ободии кишварро намехоҳанд аз хориҷи кишвар вазъияти ҳақиқии Тоҷикистонро дарк накарда, дар расонаҳои хабарӣ туҳмату буҳтон бофта истодаанд.

Ҳамаи мо аз кӣ будан ва чӣ мақсад доштани ин беватанҳо хуб маълумот дорем ва гуфтанием, агар марди майдон мебудед, аз пинҳонӣ истода даъвои бемантиқ ба сар намекардед!

Шумо беимонтарин инсонҳоед, ки мардуми тоҷик дигарбора фирефтаи найрангҳои шумо нахоҳанд шуд. Шукронаи самараи неки Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистон ва тоҷикистониёнро дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанд.

Дар чанде аз нишасту конфронсҳои сатҳи баланд коршиносону таҳлилгарон нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ баланд арзёбӣ намуда, ба тадбирҳои Ҳукумат дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб баҳои баланд доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 16 апрели соли 2019 дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон, зиёиён ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия таъкид ба он доштанд, ки роҳбарону фаъолони диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон ва онҳое, ки калонсолну ботаҷриба ҳастанд, бояд ҳидоятгари ҷавонон бошанд, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро фаҳмонанд, ба худшиносиву худогоҳӣ даъват намоянд, роҳи фарқ кардани неку бад ва ҳаққу ноҳақро нишон диҳанд. Сарвари давлат сафорату консулгариҳо ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро муваззаф карданд, ки якҷо бо ҷамъиятҳо, диаспораҳо ва дигар маҷомоти дахлдор барои пешгирӣ намудани ҷалби муҳоҷирон ба ҷараёнҳои ифротгарои динӣ  ва ҳимояи онҳо аз таъсири манфии ҳама гуна равияву ҳаракатҳои зарарнок чораҳои судманд андешанд.

Боиси таассуф аст, ки терроризму экстримизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб, хавфноку хатаровар айни замон ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Гуруҳу созмонҳои ифротгаро барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба ҳама гуна амалҳои зишту ғайриинсонӣ, аз қабили куштору ғоратгарӣ, фалаҷ сохтани иқтисодиёт, одамдуздӣ, хиёнат ба Ватану миллат даст мезананд.

Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро лозим аст, ки ба воқеоту рӯйдодҳо воқеъбинона баҳо диҳанд, ба амалҳои номатлуб даст назананд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

 

 

Ҷалолова Ф.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *