Зиракии сиёсии шаҳрвандон дар мубориза бар зидди ақидаҳои носолими гурӯҳҳои ифротгаро

 

 

Филми “Хиёнат” бори дигар нишон дод, ки гуруҳҳои ифротгаро ақидаву андешаҳои носолим доранд ва бо гумроҳ кардани мардум кишварро ба сӯи бадбахтиҳо мебаранд.

Ҳизбу ҳаракатхои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳ, тинҷию амонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии халқи ҷумҳурӣ заҳматҳои зиёде намуданд. Тамоми шахсони бо ору номусу фидокорони халку миллатро дар назди худ ҷамъоварда, пешрафти ҷамъиятро таъмин намуда, оқилонаю одилона муттахасисони ҳамаи соҳаҳою сохторҳоро ҷобаҷо намуда истодаанд.

Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишвархои дунё гардидааст.  Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд  ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд.

Мутаассифона, дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду  ҷинояткор  будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми  зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида, аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд.

Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои  худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб, Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд, ҳалок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд.

Вазъияти ногувори амният дар чаҳон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию террористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.

Абдусамадова Х.Ғ.,

 устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *