Тавассути телевизион филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” -ро тамошо кардем ва бори дигар амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат пеши назарам омад. Ин филм парда аз асрори нокушодаи солҳи навадуми қарни гузашта бардошт ва ҳамаи он воқеаҳо моро ҳушдор медиҳанд, ки ҳушёру зирак бошем ва ба қадри ободию осоиштагии Тоҷикистон бирасем.
Тавре ҳамагон медонем, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, низоъандозиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷонашонро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.
Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеоти сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.
Имрӯз сад шукри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар марҳалаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозоргонӣ, иқтисодӣ, миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.
Мо дар куҷое бошем, дар кадом ҷабҳае заҳмат кашем, бояд фаромӯш накунем, ки ободии Тоҷикистон, осудагии халқ, фаровонии мулк, амнияти мардум ба меҳнати ҳалолу ҳисси масъулиятшиносии ҳар яки мо вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар як фарди фидоии Ватану миллатро лозим аст, ки бо дасту дили пок, ғайрату матонат дар ободии Ватанамон саҳм гузошта, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошем.
Шахсан ман фикр мекунам,ки мардуми точик ва Точикистони бахусус чавонон баъди тамошои ин филм хама он фиребу, дасисаву найрангу корхои нопоки ин хиёнаткоронро дидаанд ва дарк намудаанд, ки ин марди хоин чигуна ба халку миллати худ хиёнат кардааст ва шод аз он хастам, ки имруз чавонони зери сояи истиклолият ба воя расидаи мо хело зираку донно хастанд ва ба зодаи сохибистиклол будани хеш мефахранду шукр мекунанд ва намехоханд , ки харгиз дасти ин нохалафон ба ободию осудагии кишвари сохибистиклоли онхо бирасад.
Холиқова Н.А., ассистенти кафедраи баҳисобгирии
бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит