ЗАКОВАТМАНД ҲАРГИЗ МАНФУРРО НАГИРАД ПАЙРАВУ ПАЙМОН!

    

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки имрӯз, бештари фоизи иттилооти дар Интернет паҳншаванда ба фаъолияти созмонҳои террористӣ марбут аст. Чунончи созмону гуруҳҳои ифротӣ ба мисоли «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ“ арзи вуҷуд дорад, ки барои ҷалби аъзои нав ба сафҳои худ, имрӯз бо ҷалби соҳибихтисосон гурӯҳҳои махсус таъсис додаанд, ки дар системаҳои худ бо фаъолияти виртуалӣ машғул шаванд. Бо васила таблиғи ғояҳои радикалӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube ба роҳ монданд ва дар натиҷа бештари ҷавонон ҷалб шуда, дар терроризм, алахусус дар ДИИШ шомил мешаванд. Ҳадафи асосии таблиғотчӣ ҷудо кардани “тӯъма” аз муҳити атроф мебошад ва дар натиҷа, аъзои оила ва дӯстонро хоҳарон ва бародарон иваз мекунанд, ки онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ «дастгирӣ» мекунанд ва оқибат ҷавонон гумроҳ шуда, ба доми онҳо меафтанд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем, ки аз ҷониби мақомоти қудрати (ФСБ)-и Федератсияи Русия соли ҷорӣ як аз афроди гуруҳи мамнуи ДИИШ дар қаламрави вилоятҳои Москва ва Новсибирск ҳамлаҳои террористиро тарҳезӣ мекард, боздошт карда шуд. Тибқи иттилои макомоти мазкур ин нафар шаҳрванди Тоҷикистон буда, Назаров Т.М. ном доштааст, ки бо мақсади анҷом додани амалҳои харобкорӣ ва террористӣ як утоқи террористӣ таъсис дода, қасд доштааст дар ҳудуди вилоятҳои Маскав ва Новсибирск бо истифода аз маводи таркандаи худсохт иншооти роҳи оҳанро тарконад. Инчунин ҷавони роҳгумзада дигар шаҳрвандони кишварро ба утоқи “Давлати исломӣ” ҷалб кардааст. Ин қабил нафарон аксар вақт хеле дер дарк мекунанд, ки бо кадом роҳ ҳамроҳ шудааст ва ба кӣ ҳамроҳ шудааст. Ниҳоят ашхоси зикршуда дар содир намудани 21 ҷиноят тибқи Кодекси ҷиноятии Русия ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Аз ин мисоли овардашуда, ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, месазад ба афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаёни гурӯҳҳои радикалӣ фирефта нагардида, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи мо бо суръат рушд кунад, пайваста дар омўхтани илм таллош варзем.Зеро агар шахс соҳиби илму дониш ва заковатманд , ҳеҷ ваќт фирефтаи падидаҳои манфии номатлуби ҷомеа намегардад!
Дар интиҳо бо суханони Сарвари кишвар андешаи хешро ҷамъбаст менамоем: «Дар ин раванд яке аз масъалаҳои муҳиму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша хушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.

                 
Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.
Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.”

Ф. ҚУРБОНОВ,
мудири бахши ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *