Мусаллам аст,ки дар замони муосир интернет ба ҷузъе аз рӯзгори одамон табдил ёфта, ҳаётро бидуни он, аз ҷумла истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ наметавон тасаввур кард. Ҳоло беш аз 5 миллиард ва ё 65 фоизи сокинони сайёра истифодабарандагони интернет мебошанд. Аз ин бармеояд, ки фазои маҷозӣ ба як ҷузъи муҳими зиндагии одамон табдил ёфтааст. Бояд қайд кард, ки аз воситаҳои ахбори омма ва интернет на танҳо табақаҳои солими ҷомеа, инчунин созмону гурӯҳҳои манфитҷӯй, ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, барои пиёда кардани ҳадафҳои геополитикӣ васеъ истифода намуда, бо ин роҳ ба ташаккул ва тафаккури инсонҳо таъсир мерасонанд.Бо мақсади ноором сохтани вазъи кишвари соҳибистиқлоламон, бештар аз тарафи ТТЭ ҲНИ ва думраваш, ба амсоли “Гуруҳи 24”тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаҳои ифротиашон бо баромаду паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотии ақидаҳои мамнуъро ба роҳ мондаанд. Ин тамоюл қодир аст, ба тафаккури наврасону ҷавонон, ки дар ҳоли рушд аст, таъсир расонда ақоиди мағшушро ворид намояд ва дарки онҳоро ба зиндагӣ куллан дигар намояд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем: дар соли 2022 аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар як ҳолате ошкор шудааст, ки афроде аз ному насабу вазифаашон худорӣ менамоем, тавассути сомонаи “Ислоҳ нет” бо пайравони ТТЭ ҲНИ ”ҳамкориро ба роҳ мондаанд.
Албатта, гунаҳгорон бо ҷазоҳои сазовор маҳкум гардидаанд, вале, бояд қайд кард, ки шахсони айбдоршуда, қаблан дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дошта, ба ТТЭ ҲНИ шомил шуда, асосан бо Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ дар сомонаи “Ислоҳ.нет”баромад менамояд, муносибат пайдо карда, ба ӯ аксҳои яке аз роҳбари дастгоҳу раиси ҷамоати деҳоти кишвар ва дигар маълумотҳоро дастрас намудаанд. Сипас, М. Садриддин аксу маъалумотҳоро дар барномаҳои иғвоангезаш намоиш додааст. Ин зуҳуроти манфӣ айни ҳол дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла роҳандозии ҷангҳои иттилоотӣ, ифроту ситеза, бадбиниву таассуб, тундравии динӣ, хурофоту ҷаҳолат, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва фитнаангезии нажодӣ зери сенарияҳои таълифшудаи гурӯҳҳои манфиатдор бо истифода аз ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад. Таблиғгарони ин навъ ҳаракатҳо ҷаҳонро ба бозори идеологияи сохтаву бофта табдил дода, бо амалу кирдорҳои мардумфиребона инсонҳоро дар ҷаҳолату нодонӣ ва бумбаст нигоҳ медоранд. Ҳатто, ин тоифа то расидан ба ҳадафҳои ниҳоии худ ва ба даст овардани қудрати сиёсӣ аз мафҳумҳои мисли демократия, ҳуқуқи башару озодӣ низ, устокорона истифода мекунанд. Ин раванди манфӣ аз доира ва нуфузи фаъолияти як давлат ва минтақа берун гардида, дар шаклҳои маъмулии терроризму ифротгароии динӣ таҳдиди ҷиддӣ ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра гардидааст. Дар чунин вазъи печида набояд дар муносибат ба ин зуҳуроти харобиовар бетарафӣ зоҳир намуд, зеро солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо низ, оқибатҳои фоҷиавии терроризму экстремизм таҷриба шуда, ҳанӯз ҳам, таҳдидҳо пурра аз байн нарафтаанд. Барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар – терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар якҷоягӣ бар зидди он мубориза барем. Мо бояд ҳамеша, алалхусус дар лаҳзаҳои вазнину хатарзо муттаҳид ва босабру таҳаммул бошем, аз каму костиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашавем, дасти якдигарро гирем, давлати миллии худро соҳибӣ кунем ва Ватани маҳбубамонро обод намоем. Бовар дошта бошем, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон ва фардои зиндагии мардуми тоҷик осудаву обод аст.
Ф. МАМАДҶОНОВ, устоди ДИС ДДТТ