Вохӯрӣ бо ҷавонони фаъол

Санаи 22.02.2022 бо иштироки ҳайати васеъи устодону донишҷӯёни факултети тиҷорат фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ мулоқот бо намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд шуда гузашт. Дар вохӯрӣ муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фахриддинзода Фирдавс, декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ Саидов Муродҷон Мамурҷонович иштирок доштанд.
Мулоқот мувофиқи нақша – чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд гузаронида шуда, мавзуи асосии он шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва омӯзиши паёми Пешвои муаззами миллат ба маҷлиси олӣ буд, ки Фахриддинзода Фирдавс оиди мавзуи мулоқот суханронӣ карда ба донишҷӯён оиди шомил нашудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои бадхоҳ ва ифротӣ суханронӣ кард.
Пас аз анҷоми суханронӣ муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фахриддинзода Фирдавс ба донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 260101 Шукуров Иброҳим барои иштироки фаъолона дар мусобиқаи варзиши байни муассисаҳои олии касбӣ, ки аз рӯи намуди варзиши сабук бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дав ба масофаи 400 ва 110 метр баргузор гашта буд, бо медал ва диплом сарфароз гардонида шуд.

IMG_20220222_154516_920
IMG_20220222_154520_027
IMG_20220222_154508_195
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *