Вохӯрӣ бо хатмкунандагони​ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ашт

 

Дар толори Муассисаи давлатии театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт бо мақсади ҷалби бештари довталабон ба муассисаҳои олии касбии кишвар вохӯрии намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо хатмкунандагони солҳои 2019-2020 баргузор гашт.

Чорабиниро раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо оғоз намуда, зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор гардидани пояҳои моддиву техникии муасссисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба касбомӯзӣ, омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ки амалӣ гардидани он на танҳо бо фаъолияти пурсамари омӯзгорон, балки кӯшишу ғайрати насли наврас низ вобастагӣ дорад.

Абдуғафур Қайюмов муовини директор оид ба таълим, номзади илми иқтисод, дотсент зимни суханронӣ таъкид намуд, ки , дар ДИС ДДТТ 251 нафар омўзгорон, аз љумла 8 нафар доктори илм ва профессорон, беш аз 77 нафар номзади илм ва дотсентњо фаъолияти таълимї, методї, илмї ва тарбиявї мебаранд. Зиёда аз 20 нафар олимону омўзгорон дар гурўњњои тањсил бо забони англисї машѓулиятњоро аз њамаи фанњо (иќтисодї, риёзї, њуќуќї, љомеашиносї ва ѓайра) бо забони англисї мегузаронанд. Барои дар сатњи баланд гузаронидани машѓулиятњо дар гурўњњои тањсил бо забони англисї устодон аз донишгоњњои бонуфузи давлатњои хориљии дур даъват шудаанд. Заминаи моддию техникии Донишкада љавобгўи талаботи стандарти давлатии тањсилоти олии касбї мебошад. Љараёни таълим дар се бинои таълимї, ки аз 80 синфхонањои алоњида иборатанд ташкил карда шудааст. Пояи моддї – техникии Донишкада љавобгўи талаботи муосир мебошад. Дар Донишкада 572 компютерњои фардї, 33 доскањои электронї, 103 проекторњо, 80 камерањои назоратї мављуд мебошанд. Дар чорчӯбаи амалишавии лоиҳаи “Самтҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рақобатпазирии МТОК” шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ пурра бо мебел аз нав таҷҳизонида шуд, 4 синфхонаҳо пурра таъмир карда шуда, бо мебел, 42 адад компютерҳо, 10 адад проектор ва 10  адад доскаи электронӣ таҷҳизонида шуданд.

Ҳамчунин, намояндагони ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баромад ва доир ба ихтисосу имконоти муассисаҳояшон маълумот доданд.

Дар идома байни намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ашт доир ба масоили таълим, илм ва инноватсия, интихоби дурусти ихтисосҳо, иқтидори техникии муоссисаҳо, мавҷудияти хобгоҳ ва шароити будубош дар онҳо ва ғайра табодули афкор сурат гирифт.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *