Ваҳдати миллӣ – оғози марҳилаи наҷот ва худшиносӣ

Санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди бузурге ба амал омад, ки минбаъд тақдири мардуми тоҷикро комилан дигаргун карда, ҳамчун оғози марҳилаи наҷот, худсозӣ, худафрӯзӣ ва саодати халқ дар сафҳаи хотираҳо сабт гардид. Дар ин рӯзи хуҷаста пас аз талошу пайкорҳои созанда Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеъа ба имзо расид. Имзои ин ҳуҷҷати сарнавишсоз дар кишвари азизамон ба ҷанги нангину хунини шаҳрвандӣ поён бахшид ва сулҳу ваҳдати бардавомро таъмин кард, ки албатта дар роҳи расидан ба он хидматҳои Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Пешвои миллат ҳамчун меъмори ҳақиқии кохи сулҳу ваҳдат ин неъмати бузургро ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба армуғон оварда, ба қавлу қасами худ, ки «Ман ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳ меорам» содиқ монданд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон баъди ба имзо расидани ин санади сарнавишисоз дар фазои сулҳу амният нафас кашида, ба созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо намудани Ватани азизи худ машғул ҳастанд, ки он ба шарофати ҳамбастагии миллӣ ва сиёсати ваҳдатофарини Президенти мамлакат муяссар гардидааст. Ҳар яки мо нақши Ваҳдати миллиро дар пешрафти тамоми соҳаҳои зиндагии халқ бараъло мушоҳида мекунем. Мебинем, ки Ваҳдати миллӣ чи нерӯи қодиру тавоноест. Эҳсос мекунем, ки он барои мо муҷдаи бахт, пайки пирӯзӣ ва муҳимтарин омили сарнавиштсоз гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон моҳият ва тақдирсоз будани Ваҳдати миллиро хеле равшан таъкид намуда, таъкид кардаанд: «Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад».

Албатта нақши Ваҳдати миллӣ на танҳо дар мустаҳкам шудани пояҳои истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодӣ, балки дар таҳкими истиқлолияти маънавӣ ҳам, хеле барҷаста мебошад. Мо вақте, ки таҳкими истиқлолияти маънавӣ мегӯем. пеш аз ҳама ҷавҳари аслии он рушди таълиму тарбия ва дар маҷмӯъ мактабу маорифро дар назар дорем.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи ҳаётан муҳим, афзалиятнок, сарнавиштсоз эълон карда, баҳри рушду нумуъи он ғамхориҳои зиёд зоҳир намуда, мақоми онро дар ободию гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон чунин баҳо додаанд: «Маориф асоси рушду тариқиёти ҳар як давлату миллат мебошад, Зеро рушду нумӯи ҷомеа, таъмини амнияти давлату миллат ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, татбиқи дасовардҳои техника ва технологияи муосир бевосита ба рушди соҳаи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён хулоса, ба сатҳи саводи миллат вобаста мебошад».

Албатта, ҳама ин дастовардҳо ва комёбиҳои назаррас аз Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва оромию осоиштагии Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва мо бояд аз воқеаҳои ҷаҳон ибрат гирифта, сулҳу ваҳдат ва ягонагии кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи сокинони Ватани азизамонро ба ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, орзуи онро дорам, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан боқӣ монда, ҳар як шаҳрванди баору номус бо азму иродаи созанда дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзандаи хешро гузорад.

Н. Қобилов,

Н. Раҷабов,

Р. Раҷабов,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *