Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – зодаи даврони истиқлолият

 

 23-феврал Рузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз таъсиси Артиши милли 27 сол пур мешавад қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд.Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз Артиши пурқудрати Шуравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд.
Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шуравӣбархурдор гардад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд.
Мутаассифона, он замон дар ҷумхурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгоривасеъ ва тулонӣ гардидани ин муноқиша гардад. Раванди ҳодисахои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум, ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгуи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст.Аз рузҳои аввали таъсиси Аритиши миллӣ афсарони мо баробари сангарҳо ҷангиданд, ба танзими сохтори ташкилию штати худмашѓул шудаанд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умумам вучуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳоиҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пур-печутоберо тай намуда, таҷриба андухт ваба яке аз Артишҳои касбии минтака табдил ёфт. Бунёди Кувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.

Дар ин муддати нисбатан кутохи таърихи чузъу томхои он ба неруи кудратманди низоми мухофизи сулху субот ва фазои орому осудаимамлакат табдил ёфта, холо ба Ватан ва халки худ содикона хизмат мекунанд. Артиши чавони Тоҷикистон, хусусан дар солхои душвори фочеабори чанги шахрванди якчо бо макомоти хифзи хукук ва дигар сохторхои низомиикишвар дар хифзи истиклолияти давлати, химояи марзхои Ватан, безарар гардонидани гуруххои террористиву экстремисти, дастахои мусаллахи чинояткории трансмилли ва хомуш кардани ошубхои хиёнаткорона бар зиддидавлат ва чомеа сахми сазовору чавонмардона гузошт. Қуввахои Мусаллахи Точикистон рузхои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишхои шадиди ин солхо гузаштанд ва имруз ба неруикудратманди низоми,мухофизи сулху субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои хифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собиткадамона рушду такомул меёбанд.
Мо аскари сомонем,
Шерони хуросонем.

Ин хоки ниёгонро,
Пайваста нигах дорем.
***
Эй Ватан номи ту дунёи ман аст,
Куллахоят сари болои ман аст.
Гар ба хифзат надихам чону тан,
Намакат захр шавад дар баданам.

Рузи Артиши Милли на танхо дар Точикистон,балки дар чанд кишвари дигари пасошурави хам хаст.Тавре маълум, 23 февралро дар созмони СССР хамчун рузи ташкилёбии Армияи Совети ё Армияи Сурх чашн мегирифтанд.

Дар хулоса гуфтаниям, ки Артиши милли имруз ба симои давлати точикон пайваст , бо хизматхои шабонарузии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллахи Ҷумхурии Тоҷикистон Генерали Артиш мухтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд карда истодааст.

 

Қобилов Нарзулло,

Раҷабмуҳаммад Раҷабов,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *