Омили муҳими пешгирӣ – риояи дастурҳо

Рӯзҳои охир мардуми ҷаҳон аз бемории сироятии COVID-19 дар ташвишанд. Хушбахтона, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории сироятии COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Баъди эълони пандемия дар ҷаҳон ҳамаи сарҳадҳои Тоҷикистон баста гардида, сокинон ва муҳоҷироне, ки аз давлатҳои хориҷаву ҳамсоя вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, ба карантин фаро гирифта мешаванд. Оид ба шароити будубоши шаҳрвандони дар карантин қарордошта бо мутахассисон ва карантиншудагон ҳамсуҳбат гардидем.

Муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев иброз дошт, ки бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии бемории коронавирус чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Айни замон дар шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят 1206 нафар бистарӣ шуда, то имрӯз бинобар ба итмом расидани 14 рӯзи карантинӣ 1942 нафар аз беморхонаҳо ҷавоб шудаанд. Ҳолати умумии бистаришудагон қаноатбахш буда, бо 3 маҳал хӯроки гарм таъминанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳамаи шароит барои гузаронидани муоина, ташхис, табобати профилактикӣ муҳайё аст ва ягон ҳолати сироятёбӣ дар вилоят ба бемории сироятии COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Муассисаҳои тандурустӣ бо ниқоби яккарата, маводи безараргардонӣ, дастпӯшак ва корҷома таъмин буда, шуъбаҳои эҳёгарӣ ва ҳуҷраҳои муолиҷаи интенсивӣ бо дастгоҳи нафаси сунъӣ, оксигенератор, кардиомонитор, пулсоксиметр ва ларингоскоп муҷаҳҳаз мебошанд.

Нуқтаҳои санитарию карантинӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ фаъолиятро идома дода, мутахассисони эпидемиолог ва сироятшинос бо дастгоҳҳои ҳароратсанҷи муосир, либосҳои муҳофизатии инфиродӣ ва маводи безараргардонӣ таъмин шуда истодаанд.

Алишер Абдукаримов, муовини сартабиби беморхонаи ноҳиявии ноҳияи Ҷаббор Расулов айни ҳол дар Беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд таҳти карантин қарор дорад. Мавсуф иброз дошт, ки имрӯз вазъи саломатиаш беҳтар буда, ҳарорате, ки ҳафтаҳои пешин нишон медод, ба бемории сироятии COVID-19 ягон алоқамандӣ надорад ва таҳлилҳо манфӣ нишон дода шуд.

Имрӯз овозае, ки байни аҳолӣ паҳн гардид, бардурӯғ буда, ҳолати ҳамаи дар карантин қарордоштагон муътадил аст. Мавсуф санаи 5-уми апрел бистарӣ гардида буд. Тибқи иттилои табибон, санаи 19-уми апрел ба хона ҷавоб дода мешавад. Имрӯз шароит дар беморхона қаноатбахш буда, ягон муаммо дида намешавад.

Сартабиби Маркази вилоятии солимгардонии бемориҳои шараёни дил Баҳромиддин Одинаев гуфт, ки санаи 5-уми апрел дар марказ 45 нафар шаҳрванд, ки аз шаҳри Москва, тариқи сарҳади Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба вилоят ворид гардиданд, баҳри пешгирӣ намудан аз бемории сироятии COVID-19 ба карантин гирифта шуданд. Тамоми ҳуҷра таъмири капиталӣ гардида, табиб Ҳасани Пайрав, ҳамшираи тибб Озода Баротова ва ду нафар ҳамшираи хурд дар хизмати шахсони дар карантин қарордошта мебошанд. Онҳо ҳамарӯза аз вазъи саломатии қарордоштагон бохабар гардида, санҷидани ҳарорати бадан, чен кардани фишори хун ва корҳои пешгирӣ аз бемории сироятӣ бурда истодаанд. Ҳолати ҳамаи онҳо хуб буда, ягон нишонаи бемории сироятӣ дида нашудааст. Хӯрду хӯрок, ҷои хоб бо ҷиҳоз ва таҷҳизот таъминанд.

 

Имрӯз бо паҳни ин беморӣ дар як қатор кишварҳои олам имконияти сироятёбӣ хеле баланд буда, ҳангоми бемор ба шахси солим наздик шудан сироят меёбад. Ҳангоми сулфидан ва нафаскашӣ бактерияҳо дар масофаи хеле зиёд паҳн мегарданд.

Аз ин лиҳоз аз сокинон даъват ба амал оварда мешавад, ки аз ҷойҳои ҷамъиятӣ худро эҳтиёт ва канораҷӯӣ намоянд, дар ҳолати нотоб ҳис кардани худ ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд, то ки худ ва аҳли оиларо аз ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доранд.

 

Шаҳноза Ҳомидова

 

Озарахш

Чӣ даҳшатест, Худоё, салом мумкин нест,
Зи даст бар дили дасте паём мумкин нест
Ба пешвози азизон намекашӣ оғӯш,
Дар ин замона ба
ҳам эҳтиром мумкин нест
Ч
ӣ офате, ки ҷаҳонро нишонд дар хона,
Ба к
ӯчаҳо гузари издиҳом мумкин нест
Садои сурфаи худро фур
ӯ барад мардум,
Зи бими ран
ҷи карона зуком мумкин нест
Навои хониши булбул ба гул ч
ӣ ғамгин аст,
Ба г
ӯши ёр нафас аз калом мумкин нест
Худои муждарасон, ро
ҳи офият бинамо,
Ки ин маризи балоро давом мумкин нест.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *