Устодон ва донишҷӯёни азиз!

Дар ин рӯзҳои хотирмону фаромӯшношуданӣ ба муносибати Рӯзи Дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ҳамаи Шумоён устодон ва донишҷӯёни арҷмандро табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, саломатии бардавом ва дар ҷодаи таълиму тарбия ва донишандӯзӣ барору комёбиҳои беназир таманно менамоям. Оғози соли нави таҳсил аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки мардуми шарифи тоҷик ба ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳаматарафа мебинанд.
Ҳамаи Шумо устодону донишҷӯён ва аҳли кормандони донишкадаро ба муносибати Рӯзи Дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар арафаи таҷлили ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки дар кишвари азизамон сулҳу субот, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан пойдор монда, ҳар як сокини бо нангу номус бо азму иродаи созанда дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзандаи хешро гузорад.
Ба ҳайати профессорону устодони донишкада барои иҷрои рисолати созанда – таълиму тарбияи шоистаи насли наврас, омода намудани мутахассисони варзида барору комёбиҳои беназир таманно менамоям. Умедвори онам, ки донишҷӯёни азизи мо бо хониши хубу аъло, ахлоқи намунавӣ ва одоби баланди муошират номи донишкадаро баланд бардошта, ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба ба камол мерасанд ва барои ободию шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон сарбаландона заҳмат мекашанд.
Рӯзи Дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил муборак бод!

Бо арзи эҳтиром ва самимият директори ДИС ДДТТ
Номзади илми иқтисод, дотсент РАУФ ОЛИМӢ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *