Соли нави таҳсил оғоз гардид!


Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳайати васеи устодону донишҷӯён ва волидон оғози соли таҳсили нав бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Директори Донишкада н.и.и., дотсент Олимӣ Рауф суханронӣ карда, ҳозиринро бо оғози соли нави таҳсил муборакбод гуфт. Мавсуф дар як давра мутобиқ афтодани ҷашнвораи бузурги миллат, 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо Рӯзи дониш фоли нек арзёбӣ карда аз ҷумла баён дошт: «Дар ин рӯзҳои хотирмону фаромӯшношуданӣ ба муносибати Рӯзи Дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ҳамаи Шумоён устодон ва донишҷӯёни арҷмандро табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, саломатии бардавом ва дар ҷодаи таълиму тарбия ва донишандӯзӣ барору комёбиҳои беназир таманно менамоям. Оғози соли нави таҳсил аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки мардуми шарифи тоҷик ба ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳаматарафа мебинанд».
Сипас, муовини директори Донишкада оид ба илм ва инноватсия д.и.и., профессор Турақул Ризоқулов баромад намуда, аз дастовардҳои илмии таълимгоҳ изҳори қаноатмандӣ кард. Номбурда дар соли таҳсили равон ҳимоя гаштани рисолаҳои номзадиву доктории устодони Донишкадаро тӯҳфаи арзандаи муассиса ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, барои бо муваффақият дифоъ кардани рисолаи докториаш ба мудири кафедраи назарияи иқтисод, доктори илми иқтисод Абдумавлон Азимов Дипломи доктори илм, ки аз ҷониби дорулулуми Федератсияи Русия дода шудааст, ботантана тақдим намуд.
Мутобиқи нақша оғози нахустин дарс барои устодону донишҷӯён тамошои Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи оинаҳои нилгун гашт, ки дар зиёда аз даҳ синфхона бо дар сатҳи баланди инноватсионӣ ташкил намудани воситаҳои иттилоотиву намоишӣ доир гардид. Устодону донишҷӯёни Донишкада Дарси сулҳро бо мароқи том тамошо карда, аз нуктаҳои муҳиме, ки сарвари давлат перомуни таълиму тадрис ва дастовардҳои соҳаи маорифи мамлакат иброз дошт, огоҳии комил ва донишҳои мукаммал касб намуданд. Метавон гуфт, ки Дарси сулҳ дар оғози соли нави таҳсил раҳнамо ва дастурамали таълимии аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд гардида, барои низоми хуб ва самаранокии сифати таълим дар таҳсили соли равон заминаи воқеи гузошт.
Ҳамин тариқ, кулли устодону донишҷӯёни Донишкада бо як ҷаҳон таасуроти нек ва илҳоми тоза аз Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соли нави таҳсил оғоз намуда, минбаъд дар амали намудани рисолати созандагӣ ва пешрафти ҷомеаи мамлакат бо саъю кӯшиш ва таълими хубу намунавии хеш ҳиссаи арзанда мегузоранд. Ба ҳамаи Шумо-устодону донишҷӯёни гиромӣ соли нави таҳсилро шодбош гуфта, барору комёбӣ таманно дорем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *