Ҳукумат дар фикри мардум аст ва барои солимии сокинон чораҳои заруриро ба роҳ мемонад

 

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ як силсила пешниҳоди ПМТ оид ба пешгирӣ аз таъсири манфии буҳрони дар пешистода ба нашр расид, ки дар он зикр шудааст, ки ҷаҳон дар рӯбарӯи чолиши бузурге қарор дорад. Ин раванд ба кишвари мо низ бетаъсир намемонад. Аммо сухан сари он аст, ки аз хориҷи кишвар истода, ба сӯи кишвар ва давлат иттиҳомоти зиёдеро равона кардан аз рӯи инсоф нест.

Дар мавриди  пешгирии оқибатҳои манфии буҳрони иқтисодӣ, ки дар натиҷаи паҳншавии вируси тоҷдор ба Тоҷикистон зарар расониданаш мумкин аст, мухолифин ибрози андеша карда, чанде аз маслиҳату машваратҳои худро баён доштаанд.

Дар шароити кунунӣ ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро дида истодааст, ки дар кишвар беморони гирифтори КОВИД-19 ворид нашаванд. Муассисаҳои тандурустӣ шахсони аз кишварҳои сироятёфта омадаро дар карантин нигаҳ дошта мешаванд.

Ҳамаи ин чораҳо барои ҳифзи нигаҳдории тандурустӣ мебошад. Дар масъалаи ба карантин нигоҳ доштани одамон ПМТ пешниҳод кардааст, ки дар биноҳои васеътар ва дорои шароит ҷой кунанд. Бояд зикр кард, ки дар муассисаҳои табобатӣ ва осоишгоҳҳо ва ҷойҳои махсус одамон ба карантин нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ҳолати изтирорӣ дар маконҳои холӣ одамонро ҷой медиҳанд.

Дар Тоҷикистон ситоди байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки сарварии онро Қоҳир Расулзода ба уҳда дорад ва протоколҳои он барои иҷро ба тамоми муассисаҳои давлатӣ фиристода шудааст.

Аммо дар ин ҷо бояд зикр кард, ки пеш аз ҳама аз лиҳози мафкуравӣ одамонро омода кардан лозим аст, ки чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд. Дар ҳолати нарасидани ниқобҳо худи одамон бо дока метавонанд, ки ниқобҳо тайёр кунанд, ки ин ҳам як роҳи пешгирии хатари коронавирус ба шумор меравад.

Бо маслиҳатҳои худ ПМТ нишон додан мехоҳад, ки ба Тоҷикистон иқдоми хайрхоҳона дорад, аммо дар ин пешниҳодҳо низ ғаразҳои сиёсӣ нуҳуфтааст. Яъне худашонро чунон вонамуд мекунанд, ки коршиноси машҳуртарини иқтисодиёт мебошанд.

Тоҷикистон – Президент, Ҳукумат, вазоратҳои масъул, коршиносон ва кормандони ҳирфавиро дорад, ки дар ҳолати зарурӣ метавонанд, ки маслиҳати даркориро дода, барои нигаҳдории саломатии шаҳрвандони кишвар чораҷўӣ кунанд.

Ба он шукрона бояд кард, ки дар Тоҷикистон айни замон шахсони бо коронавирус сироятёфта ба қайд гирифта нашудаанд.

Лозим ба таъкид аст, ки мардуми тоҷик аз ин пештар низ буҳронҳои зиёдро паси сар карда буданд ва ин буҳронро ҳам паси сар хоҳанд кард.      Мо итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.

 

Абдумавлон Азимов,

Нарзулло Қобилов,

Одилбой Қоситов,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *