Изҳороти кафедраи математика ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ оид ба пешниҳоди ПМТ барои раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ

Ҳамаи мо хуб огоҳ ҳастем, ки имрӯз вазъи ҷаҳон ором нест ва паҳншавии бемории короновирус аз ҷумлаи ин мушкилот аст, ки ба сари мардумони олам бадбахтиҳои зиёде овардааст. Мутассифона, аз вуҷуди касифи ин беморӣ бадхоҳони миллат истифода бурда, бонги изтироб зада, Тоҷикистон ва Пешвои миллатро танқид менамоянд, ки чорабиниҳои оммавиро зиёд намуда, ҷашни Наврӯзро ботантана мегузаронанд. Ба хотири пешгирии короновирус дар кишвар корҳои зиёде гузаронида шуданд, як муддат дари масҷидҳо низ баста шуд. Аммо имрӯз масҷидҳо бозанд ва намозгузорон шукронаи ватани маҳбуб намуда, барои ободию осудагии мардум дасти дуо бардоштанд.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки Наврӯз ҷашни таҷаддуд, таҷаммул ва озодагиву растагорист. Ин ҷашни шукӯҳманди  бостонӣ ҳар сол навтару  тозатар  ва  ҷавонтар  мешавад. Наврӯз моҳияти муттаҳидкунӣ, сулҳу осоиш, дар амонию ҳамдигарфаҳмӣ зистани одамонро ифода мекунад. Пас, зарур аст, ки дар ин рӯзи пурсафою муборак одамон ба ҳамдигар боз ҳам меҳрубонтар, боз ҳам қаринтар бошанд, ѓаму навмедиро аз худ дур,  дилу дидаҳоро лабрези шодию сурур намоянд. Ва ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ҳам бесабаб нест, дар ин рӯзҳои ноороми авзои ҷаҳон халқҳои олам бояд аз нуру сафои он баҳра баранд, даст аз кудурату кина боз доранд, хираду ақли солимро ба кор бурда, сари роҳи ҷангу хунрезиҳоро бигиранд.

Имрӯзҳо дар тамоми кишварҳои ҷаҳон бонги изтироб дар мавриди “Короновирус” садо медиҳад. Маҳз аз сироятёбӣ ба ин беморӣ ҳазорҳо нафар қурбон шуданд ва мубориза барои барҳам задани ин беморӣ идома дорад. Хушбахтона, ин беморӣ дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудааст ва олимони тоҷик ба мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ маҳлули махсуси табииро ихтироъ намуданд. Мо боварӣ дорем, ки аз баракати ҷашни хуҷастаи Наврӯзи Аҷам ҳама бемориҳои сироятӣ аз байн мераванд ва бо бӯйи хуши гулу раёҳин сокинони сайёра иди баҳори гулафшонро таҷлил менамоянд.

Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ин пешниҳодҳои ПМТ қобили қабул нестанд, зеро Ҳукумати кишвар саъю талош менамояд, ки буҳрони иқтисодӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятиро зери назорати қатъӣ қарор диҳад ва барои чунин амал ҳама имконияту шароитҳо мавҷуд мебошанд.

Мо боварӣ дорем, ки ҳамаи ниҳодҳо ва ҳамаи муассисаҳои кишвар барои раҳои аз буҳрони иқтисодӣ ва пешгирӣ аз короновирус омодаанд ва намегузоранд қадами номубораки ин бемории манҳус ба кишвари мо расад. Мо андешаҳои муѓризонаи бадхоҳони миллатро маҳкум менамоем ва мардуми кишварро даъват менамоем, ки фирефтаи афкори онҳо нагашта барои ободии кишвари азизамон саъю талош намоянд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *