ТТЭ ҲНИ – зуҳуроти нопок

Терроризм яке аз хатарҳои воқеиест ки метавонад ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид намояд. Амалҳои террористӣ хатарноку оқибатҳои нохуш дорад. Шурўъ аз садаи XXI то имрўз чандин ҳодисаҳои террористию зўроварона аз ҷониби гурўҳҳои террористӣ дар гўшаю канори гуногуни дунё содир карда шуданд, ки дар натиҷа чандин нафар қурбони он гаштанд. Аз ҷумла, чанде қабл дар Федератсияи Русия аниқтарш дар коллеҷи техникии Керч амали номатлуби террористӣ аз ҷониби як нафар ҷавон содир карда шуд. Имрўз тамоми давлатҳои дунёро зарур аст, ки дар ҳамҷоягӣ бар зидди амалҳои террористию экстремистӣ муборизаи беамон баранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли муборизабаранда бар зидди терроризм ба ҳисоб меравад. Вобаста ба муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризм то имрўз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баланд бо иштироки олимону коршиносони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шуданд. Гурўҳҳои террористию экстремистӣ ба ҳар роҳу восита кўшиш менамуданд, ки ба амният, оромӣ ва сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид намоянд.Аз зумраи ҳамин гуна гурўҳҳо ТТЭ ҲНИ ба ҳисоб меравад, ки то имрўз якчанд амалҳои террористӣ содир намудааст. Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ, сарварони ТТЭ ҲНИ аз ғояҳои бунёдии худ, яъне бо роҳи зуроварӣ ғасби ҳокимият ва бунёди сохти теократӣ даст накашиданд. Онҳо ҳарчанд худро таҳаммулпазир вонамуд мекунанд, ки гўё танҳо бо роҳи демократӣ фаъолият мекарда бошанд, аммо ин ҳама фиребу найранг аст.  Моҳи сентябри соли 2015 низ аз ҷониби ташкилоти террористӣ –экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, амали террористӣ ва кўшиши табаддулоти давлатӣ карда шуд. Азбаски бунёдан ин ҳизб афкори террористиву зиддиинсониро ҳадафи худ қарор додаст, ҳамеша ин ғояи хешро дастгирӣ мекунад. Имрўз тамоми мардуми шарифи тоҷик ҳеҷ гоҳ амалу хиёнатҳои роҳбари ТТЭ ҲНИ – М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ўро аз хотир намебарорад ва амалҳои ноҷавонмардонаи ин гурўҳи ҷиноиро пайваста маҳкум менамояд. Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Мубориа бо террорим ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самараноки кўшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза ба равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зўроварӣ пурзўр карда мешавад.Ҳар фарди кишвар, аз он ҷумла ҷавонон бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷгуоранд. Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки мубориа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти реаксионии динии экстремистӣ –террористӣ, ки бехатарии давлат ва низоми демократии онро халалдор менамоянд, хеле муҳим буда, роҳу воситаҳои худро дошта, имрўзҳо ба яке аз самтҳои сиёсати давлатии мо табдил ёфтааст.Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он сабаби кам шудани ҳодисаҳои нохуши ғайриинсонӣ мегардад. Барои ҳар яки мо сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ азизу муқаддас буда, шукри истиқлолияту Ваҳдат менамоям.

Ҷӯраев Ҷалолиддин
мудири маркази бақайдгирӣ ва машварат

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *