ТТЭ ҲНИ ва фаъолияти онро дар хориҷи кишвар маҳкум менамоем!

Имрӯз боиси хушбахтист, ки аҳли илму адаби кишвар, олимону донишмандон, ҷавонон, пирони барнодил, модарону падарони равшанфикр андешаву назари хешро ҳам аз нигоҳи масоили илмӣ ва ҳам аз нигоҳи таҷрибаву рӯзғор ва фаҳмидаҳои хеш оид ба фаъолияти разилонаву хоинонаи аъзоён ва пайравони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ нашр намуда, дар маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ, шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои интернетӣ паҳн карда истодаанд.

 Ин ташкилот дар Тоҷикистон худро бо ном Ҳизби наҳзати ислом номида буд. Тоҷикистон давлати демократӣ, соҳибистиқлол, ягона ва дунявӣ мебошад ва дар қатори дигар ҳизбҳои сиёсӣ намояндаҳои ин ҳизб низ дар интихоботҳо иштирок мекарданду бо номи Худову дини мубини Ислом фаъолият мебурданд. Лекин дертар маълум шуд, ки ин фаъолияти пасипардагиашон аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ягон фарқияте надошта ба появу асоси давлати азизамон зарбаҳои пинҳонӣ мезаданд.

Ҳоло онҳо, ки маҳруми мавқеи сиёсии худ дар Тоҷикистон гаштаанд, фаъолияти худро дар дигар давлатҳои хориҷӣ давом дода бо дастгирии ҳар гуна созмонҳои байналхалқӣ мехоҳанд шароити ороми кишварро муташанниҷ созанд. Мо бояд ба ҳар гуна роҳ пеши ин кирдори разилонаи онҳоро гирем ва кишвари азизамонро эмин нигоҳ дорем.

Қаюмов А.А. -мудири Маркази тестӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *