М.КАБИРӢ АЗ ДАСТОВАРДҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БОЯД ҚОИЛ ШАВАД

Пеш аз он, ки дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгарони чун ТТЭ ҲНИ, ки онҳо ба дастовардҳои кишварамонро намепазиранд сухан равад, доир ба масоили сиёсати хориҷии кишвар махсусан қайд намуда, оид ба таърихи он назар карда, хотиррасон намудан зарур аст. Воқеан, ҳадафи аслӣ ва асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дарозмуддат ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ буда, он аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори ҳамаҷонибаи мамлакат, мусоидат ба таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон ва кӯшишҳои пайгирона ҷиҳати дарёфти ризоят ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар амалӣ мегардад. Таъкид ба ёдоварист, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он, Тоҷикистон омодааст бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд  густариш диҳад.

        Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва ҳамгироии густурдаи минтақавиро василаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад. Густариши ҳамкориҳо бо Украина, Ҷумҳурии Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ҷумҳурии Арманистон яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Рушди босубот ва устувори ин кишварҳо аз оғози ҳазорсолаи нав барои расидан ба ин ҳадаф шароити заруриро фароҳам овардааст. Бо баробари ин таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Осиё ба шумор меравад.

          Яке аз ҳадафҳои мақсадноки робитаҳои байналмилалї Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яқҷоягї бо давлатҳои дар боло зикршуда ин ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳи пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, оромӣ, амният ва суботи сиёсии ин кишвари ҳамҷаворро ҷавобгӯи манфиатҳои миллии худ медонад.

       Бо баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки аз оғози асри XXI дар муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо тағйироти куллии мусбат ба вуқӯъ пайваст ва ин тамоюл сол аз сол тақвият меёбад.Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро, ки ба пешрафти бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд, яке аз ҳамкорони муҳими иқтисодии худ мешуморад. Воқеан густариш ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба бо кишварҳои мухталифи аврупоӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳуриҳои Франсия, Италия, Чехия, Австрия Полша, Шоҳигарии Испания, Конфедератсияи Швейтсария, Шоҳигарии Белгия ва кишварҳои соҳили Балтика барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок доранд.

Дар иртибот ба ин, доир ба як масоили таърих ёдовар шуда, қайд кардан бамаврид аст, ки новобата аз вазъи сиёёсии кишвар солҳои 90-уми асри гузашта куҳҳои Фон аз ҷумлаи мавзеҳои сайёҳии сайёҳон аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ, бахусус аз Олмон ба ҳисоб мерафт.Он солҳо сафар ба қаторкӯҳҳои Фон миёни кӯҳнавардон як амри зарурӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳавои мӯътадили тобистонӣ ба туфайли наздикӣ ба биёбонҳо, дастрасӣ ба мавзеи сайёҳон ва даҳ адад пайроҳаҳои кӯҳбароии ҳар кадоме панҷҳазорметрӣ дар як макони хурд, ҳамчунин манзараҳои нотакрор сифатҳои аслии ин қаторкуҳҳо ба ҳисоб мераванд. Аз лиҳози шумора дар миёни сайёҳони аврупоӣ шаҳрвандони Олмон дар мақоми хос қарор доранд. Ҳар сол ҳазорҳо нафар сайёҳон аз Олмон ба маҳзи сафар ба Тоҷикистон раводид дархост мекунанд.  Олмониҳо аслан ба туризми экологӣ, кӯҳнавардӣ, дучархаронӣ, саёҳат бо мототсикл ва худравҳо бартарӣ медиҳанд. Донишкадаи бостоншиносии Берлин дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Тоҷикистон чандин солҳо боз ба таҳқиқи мавзеҳои бостоншиносӣ машғуланд. Бозёфтҳои ҳафриётӣ дар Турбулоқи Данғара, Ҳулбук, Ховалинг, Панҷакент, Фархор  мавҷудияти тамаддунҳои давраи ҳелленистиро дар сарзамини мо тасдиқ намудаанд.  Ба вуҷуд овардани инфрасохтор ва таъсиси сайрхатҳо ба ин мавзеҳои таърихӣ имкони ҷалби на танҳо сайёҳон, балки олимону донишҷӯёни соҳаи бостоншиносии кишварҳои Аврупоро бештар хоҳад кард.

         То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд. Чунончї, ташаббусҳои роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”,ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд.

Аз ин лиҳоз, сафари навбатии роҳбарияти кишвар дар моҳи ноябри соли равон, баҳри густаришу инкишофи ҳамкориҳои дарозмуддати устувор бо давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Чехия, Швейтсария ва Франсия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Аз масъалаи матраҳгардида, бо тасдиқи рақамҳо хулосабарорї намуда, қайд кардан зарур аст, ки бо ҳидояти роҳбарияти кишвар, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, то имрӯз беш аз  151 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохта, зиёда бо 126-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 51 созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

     Вале бо ин муваффақиятҳои назаррас ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгарони чун ТТЭ ҲНИ, ки имрўз бо номи Паймони миллї дар Аврупо фаъолият мекунад, дастовардҳои Тоҷиқистонро нодида гирифта, бо дастуру супоришҳои хоҷагонаш боз найрангҳои худро идома дода истодаанд. Аз сиёсати хориҷии кишварамон бояд хоинони миллат ва онҳое, ки дар Аврупо иқомат доранд, бохабар шаванду қоил бишаванд.

Бо баробари ин ба мардуми кишварамон ва аз ҷумла, ҷавонони бо ору номуси хеш мерасонем, ки ба суханҳои дурӯғи онҳо бовар накунанд, фирефтаи пулу чизи ҳароми онҳо нашаванд, бо онҳо ягон ҳамкорӣ накунанд. Хатогиҳое, ки ҷамъиятро ба ҷанги бародаркушӣ овард, имрӯз шиорҳои диниро баҳона карда боз такрор кардан лозим нест. Он рӯзҳоро, ки дар солҳои аввали Истиқлолият мардуми Тоҷикистон аз сар гузарондааст, имрӯз набояд фаромӯш кард. Онҳо хоин, ватанфурӯш ва ҷинояткор буданд ва ниҳоят онҳо мардуди ватан (оқи ватан) будан ва ҳамин тавр мемонанд.

Бо назрдошти масоили матраҳшуда, аз дирўза бештар имрўз бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд. Вазифаи ҳар аъзои ҷамъият аз он иборат аст, ки барои рушди иқтисодии ва пешравиҳо боз ҳам кӯшишу ғайрат намоем.

Кормандони шуъбаи кадрҳо ва
таъминоти ҳуқуқии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *