ТТЭ ҲНИ – ТАШКИЛОТИ ИҒВОАНГЕЗУ ТАҲРИБКОР    

 Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Аз ҷумлаи ташкилотҳои террористию экстремистӣ собиқ ҲНИ мебошад, ки фаъолияти он иғвоангезию дурӯғгӯист. Террористони наҳзатӣ мардумро ба майдоннишинию сангаркашӣ даъват карда, ҳама кӯшишашонро барои амалӣ сохтани амалҳои ғайриқонунии худ равона намуданд. Хиёнату фиреб ва найрангҳои ин ташкилоти террористию экстремистӣ зиёданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ҲНИ бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст задааст, ки мардуми тоҷик ин амалҳои ношоиста ва ғайриинсониро аз хотир намебарорад.

Х иёнатҳои ТТЭ ҲНИ барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум гардидааст ва халқи тоҷик амалҳои ноҷавонмардонаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро шадидан маҳкум менамояд. Зеро то имрӯз ба ҳамагон маълум гардидааст, ки фаъолияти ҳизби наҳзат фақат иғоварию тӯҳмат ва вайронкорӣ аст. Террористони наҳзатӣ мардумро ба майдоннишинию сангаркашӣ даъват карда, ҳама кӯшишашонро барои амалӣ сохтани амалҳои ғайриқонунии худ равона намуданд.

Хиёнату фиреб ва найрангҳои назҳатиён зиёданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ҲНИ бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст задааст, ки мардуми тоҷик ин амалҳои ношоиста ва ғайриинсониро аз хотир намебарорад.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад.

Ҷоизи қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи фаъолона мебарад.

Имрӯз ҳар як нафар узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризм ва ифротгароии динӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон ба ин падидаи номатлуб ва хатарнок мубориза бурд.

   Ҳамроев Б.А. муаллими калони кафедраи

тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *