Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад
Бояд ёдовар шавем, ки аз оғози солҳои 90ғуми қарни гузашта собиқ ҲНИ бо дархости хоҷагони хориҷии худ ҷавононро ба худ ҷалб намуда, сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намуда, нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш рӯи майдон омаданд. Роҳбарони ТЭ ҲНИ ,ки дар дарозои замони мавҷудияташ кореро ба ҷуз аз хиёнат ба миллат анҷом надода буданд ва ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буд. Ин ташкилоти террористӣ пас аз созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам аз ғаразу ҳамоқатҳои хеш даст накашида ба тарзи мудовом ба террори ақидагӣ машғул шу два аз озодиву имконҳое, кидар заминаи ин созишнома ба даст оварда буданд,кӯшид то ҷомеаро сахт мазҳабиву ҳуруфотӣ ва таассубзада намояд. Афкори пучу бемояи ин ҳизб зеҳни ҳазорон ҷавононро вайрон намуда,сабаби ба гуруҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳо гардид.
Мушоҳида нишон медиҳад, ки «муассисон»-и он дар асл ҳамон афроди наздик ба Раиси ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ буда, маошхӯрону ҳамфикрони ӯянд. Маҳз ҳамин афрод дар конфронсу ҳамоишҳои хориҷӣ дар канори М.Кабирӣ нишаста, барои ӯ свита ё воҳима месозанд; ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро ҳимоя мекунанд. Ин ҷо низ савол пеш меояд, ки чи тавр тарғиботчиён ва идеологҳои терроризму экстремизм метавонанд «ватандуст» ба ҳисоб раванд? Ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо-ҳанафия мебошад.Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.
Аҳли ҷомеа ва мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба афсонаҳои ТТЭ ҲНИ бовар надорад. Барои мардум аз ҳама муҳимтар суботи иҷтимоӣ ва сулҳу оромӣ мебошад. Хулоса ҳар фарди миллатро зарур аст масъулиятшинос шуда, барои халқу ватани худ покдилона хизмат намояд. Ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бар зидди душманони миллат муборизаи дастаҷамъона бояд бурд.
Шамсидинов А .-муаллими калони
кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ