ТТЭ ҲНИ ТАШКИЛОТИ ИҒВОАНГЕЗОН

Терроризм ва экстремизм яке аз хатарҳоест, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро амалҳои террористӣ метавонад ба ҳамаи давлатҳо ва миллатҳо таъсири манфӣ расонад. Воқеан терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, ки имрӯз муборизаи дастаҷамъонаро тақозо менамояд.

Дар қатори ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ)-ро ном бурдан зарур аст, ки фаъолияташ иғвогарию дурӯғгӯӣ ва тӯҳмату бадномкунӣ аст. Муҳиддин Кабирӣ ва тарафдоронаш бо тӯҳмату дурӯғгӯиҳо ба зодгоҳу ватани худ хиёнат намуда истодааст.

ТТЭ ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба қатлу куштор даст зада, амалҳои ғайриинсониро содир намудааст. Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки ҷинотҳои содирнамудаи М.Кабирӣ ва аъзоёни собиқ ҲНИ рӯз аз рӯз аён шуда истодааст. Чунончӣ, дар филмҳои ҳуҷҷатӣ бо номи“Хиёнат”ва “Бозгашт аз ҷаҳаннам” тибқи далелҳои радношаванда, бо шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумотҳои амиқ ҷинотҳои содирнамудаи аъзоёни ҲНИ ва роҳбари он- М.Кабирӣ ошкору тасдиқи худро ёфт. Аз ин рӯ, бори дигар ба М. Кабирӣ таъкидан хотиррасон менамоем, ки инсон бояд дар ҳаёт роҳи некро интихоб кунад, чунки роҳи рост инсонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад: росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсондӯстӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва сулҳу салоҳро талқин мекунад.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳар як нафар шаҳрванд дар назди ватани хеш баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад. Аммо Муҳиддин Кабирӣ бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбони манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ шудааст. Ҷои таассуф аст, ки ному симои наҳзатиён ҳамчун хиёнаткори асосии халқу ватан ва ҳамчун бегонагон дар таърихи миллати мо сабт хоҳад шуд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда мерасанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои иғвоангезонаи М. Кабирӣ наҳоҳанд шуд. Хулоса тамоми мардуми тоҷик амалҳои хоинонаи Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни ҲНИ-ро шадидан маҳкум намуда, нисбаташон лаънат мехонанд.

 

Бурҳонов С.С.-ассистенти кафедраи

тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *