«ҲИЗБИ НАҲЗАТ БО ИСТИФОДА АЗ ЭТИҚОДИ ДИНИИ ОДАМОН ОНҲОРО БА ГУМРОҲӢ МЕБУРД…”

 

          Собиқ ҲНИ дар тамоми давраи фаъолияти худ динро ҳамчун омили асосии ҷалби шаҳрвандон ба сафи ҳизб истифода намуда, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ онро ҳамчун «ҳизби Худо» муаррифӣ менамуд. Рӯзномаи ҳизб бо номи «Наҷот» аз он шаҳодат медиҳад, ки он ҳар ҳафта зери шиори «…. Бешубҳа ҳизби Худо ғолиб хоҳад буд», ки ин аз сураи Моидаи, ояти 56 Қуръон оварда мешуд ва «Зиндагӣ маънои Қуръон асту бас!» ба нашр мерасид. Дар рӯзномаи номбурда асосан вобаста ба масъалаҳои дин мақолаҳои танқидӣ ва зиддиҳукуматӣ ба чоп мерасиданд. Мо тоҷикон, мехоҳем ба василаи ин муроҷиатнома ба мухолифони давлати мо, махсусан Муҳаммадиқболи Садриддин бигуем, ки аз номи мо дар барномаҳои ифротиву дуруғинат истифода накун. Албатта, мо хуб медонем, ки мақсади асосии ӯ ноором сохтани ҷомеаи тоҷик аст. Мо мардуми фарҳангсолори тоҷик, шукронаи тинҷиву оромии Ватанамон мекунем, ки падару модар ва зану фарзандони мо орому осоишта зиндагӣ доранд. Мо шукронаи ваҳдату истиқлоли Тоҷикистони азиз мекунем. Ба ту Муҳаммадиқболи Садриддин гуфтанием, ки дар барномаҳои ифротӣ ва иғвоангезонаат аз номи мардум ва кормандони Кумитаи амният истифода накун. Мо ба Ватани маҳбубамон содиқона хизмат мекунем. Ҳама медонанд онҳое ки дар барномаҳоят суҳбат мекунанд хешу табор ва дӯстону ҳамсангарони худат ҳастанд. Ҳеҷ яке аз онҳое ки дар барномаи ту суҳбат мекунанд муҳоҷири меҳнатӣ нестанд.Ту, фарзандон ва хешу наздикони худатро ба барномаҳоят ҷалб намуда, нишон додани мешавӣ, ки онҳо муҳоҷиронанд. Хато мекунӣ Муҳаммадиқбол. Ту ягон вақт ба ғаразҳои нопокат намерасӣ ва ҳеҷ муҳоҷир ба ту бовар намекунад.Мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, гуфтанием, онҳое, ки дар барномаи Муҳаммадиқболи Садриддин тариқи телефон суханронӣ мекунанд ё маълумот медиҳанд муҳоҷир нестанд. Онҳо одамони худи ҳамин экстремист мебошанд. Ба онҳо бовар накунед! Мо муҳоҷирон бо давлати худ, бо миллати худ, бо Президенти ваҳдатофари худ, бо сулҳу оромии кишвари худ ифтихор мекунем.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2012 Муҳиддин Кабирӣ дар мактаби муносибатҳои байналмилалии ба номи Эллиотти Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА баромад намуда, зикр намуда буд, ки собиқ ҲНИ соли 1973 таъсис дода шуда он соли оянда 40-умин солгарди худро қайд менамояд.  Тибқи гуфтаҳои М.Кабирӣ, ҲНИ ҳанӯз дар давраи шӯравӣ ба сифати ташкилоти ибтидоии ҷавонон махфӣ, пинҳонкорона ё ғайриқонунӣ фаъолият намудааст. Ва ҳанӯз баъд аз барқарорсозӣ дар шаҳри Астрахани Федератсияи Руссия Анҷумани умумииттифоқии аввалини Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор шуда буд. ҲНИ ҳамчун ҳизби умумииттифоқӣ соли 1991 дар шаҳри Москва ба қайд гирифта шуд.

Ҳамзамон ҲНИ дар қароргоҳи худ қоидаҳои муқарраргардидаи ташкил ва баргузор намудани маросимҳои диниро риоя накарда, дар ҷойҳои муқаррарнашуда тоату ибодат, расму оинҳо ва маросимҳои динӣ анҷом медод. Аз ҷумла, моҳи Рамазон дар қароргоҳи худ бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон ба хондани намози таровеҳ ва хӯрдани таом машғул гардида буданд. Додани таомро ба аҳолӣ ҳизб ҳамчун хайрия ва садақа пешниҳод намуда, онро бо аломатҳои намоишӣ бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ба сафи ҳизб истифода менамуд. Инчунин занонро даъват ба он менамуд, ки занони тоҷики мусалмон рӯи пӯшида ва тани печида дошта бошанд. Ҳатто кӯдакони ноболиғро ба ин амалҳо даъват менамуданд. Ҳамчунин собиқ ҲНИ дар ин радиф ба шаҳрвандон ба додани фатво машғул гардида буд, ки он масъалаи оиладорӣ, зан ва шавҳар, муносибатҳои давлат ва дин, рукнҳои ислом, ба масҷид роҳ надодани ноболиғон, дар мактабҳо маҷбуран якҷо шинонидани писарбачаю духтарбача ва сиёсатро инъикос менамуд. ТТЭ ҲНИ бо истифода аз эътиқоди динӣ мардумро ба гумроҳӣ бурда, пеш аз ҳама, ғаразҳои сиёсиро пайгирӣ менамуд. Ҳамаи ин далелҳо собит менамояд, ки роҳбарон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ивази молу манфиат мазҳаби шиаро қабул карда, аз доираи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд. Номҳои оилавӣ, гапу шиорҳо, рафтору амал, макони зиндагии назҳатиҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии худ даст кашида мазҳаби бегонаро қабул кардаанд.

Аз масоили матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мо дониста шуда, ба хотири ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, тахкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рузафзуни он моро зарур аст, ки ҷиҳати роҳ надодан ва бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез имрӯз саъю талош варзидан талаботи замон аст.

 

                                                             Устобоева Д.М.- н.и.ф.муаллими

                                                                                            калони кафедраи

                                                                                            ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *