ТТЭ ҲНИ– ТАШКИЛОТИ ИҒВОАНГЕЗ ВА ХИЁНАТКОР

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, ташкилотҳои террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) мебошад, ки фаъолияти он воқеан иғвоангезию дурӯғгӯист.

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои 90-уми асри гузашта аз ҷанги шаҳрвандӣ ва фурсати бадастомада намояндагони ТТЭ ҲНИ манфиатҳои ғаразноки худро истифода намуда, мардумро ба майдоннишинию сангаркашӣ даъват карда, ҳама кӯшишашонро барои амалӣ сохтани амалҳои ғайриқонунии худ равона намуданд. Аз нооромии баамаломада собиқ ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба қатлу куштор даст зад. Ин амали нангини ТТЭҲНИ боиси кушта шудани чанд тан аз ҳамватанони мо гардид. Аз ибтидо фаъолияти ҳизби наҳзат ба ноором кардан ва суботу амнияти давлат равона гардида буд ва мехостанд сулҳу оромиро халалдор созанд. Тасдиқи ин гуфтаро мо дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”мебинем,ки он амалҳои содирнамудаи навҳзатиён  боз аёнтару исботи худро ёфт.

Мардуми тоҷик хуб дар ёд дорад, ки чӣ гуна ин ташкилоти иғвоангез ва хиёнаткор воқеан террористӣ ба сари аҳолии мамлакат дарду андӯҳи гарон овард. Аз ин рӯ, фаъолияти пинҳонии ТТЭ ҲНИ –ро шадидан маҳкум менамоянд.

Барои мардуми мо сулҳу субот аз ҳама ганҷина баландтар аст ва онро мо чун гавҳараки чашм азизу муқаддас медорем.

                                                                          Носирова М.Н.,

                                                                        ассисенти кафедраи забонҳои

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *