НЕСТ БОД ИФРОТГАРОӢ  ВА НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ !

 

Тарбияи фарзанд, мафкураҳои диниву ахлоқии вай аз оила сарчашма гирифта, минбаъд дар мактабу ҷомеа рушду нумӯъ меёбад. Дар ниҳоди фарзанд ҷой додани ғояҳои ахлоқӣ – маънавӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву инсонгароӣ ба оила вобаста аст ва ҳар як оила, ҳар як иштирокчии раванди тарбия метавонад дар ин ҷода роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад. Оила ҳамчун гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ офаранда ва бахшандаи ҳаёт, бақои ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар оила ҳамаи ақоид, ҳиссиёт ва одатҳои нахустине заминагузорӣ мешаванд, ки онҳо дар ташаккулёбии минбаъдаи тамоми маънавиёти шахсияти фарзанд замина мегузорад.

Мусаллам аст, ки аксарияти мардуми мо эътиқодманди дини мубини исломанд ва гурӯҳу равияҳои ифротӣ аз ин ҳолат истифода бурда мехоҳанд  мардумро гумроҳ намоянд. Яке аз ин ҳизбҳои зиддидавлатӣ ТТЭ ҲНИ мебошад. Мо бори дигар исботу тасдиқи  амалҳои содирнамудаи ТТЭ ҲНИ-ро дар филми мустанади “Хиёнат”дарку эҳсос намудем. Воқеан ҷой доштани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки омилҳои барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳаллӣ, динӣ ҳоло дар ҷомеаи мо, аз байн нарафтаанд. Бо баробари ин қайд кардан зарур аст, ки аз кишварҳои мухталифи  дунё,  инчунин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бархе аз ҷавонон дар натиҷаи костагии маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ  ва надонистани  динии хеш, аз ҷумла ба доми фиреби ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи-24  ва равияҳои ифротӣ афтода, ба номи тоҷику Тоҷикистон доғ меоранд. Чунончӣ тибқи хабаргузориҳои Ҷумҳурии Туркия, санаи 14-уми апрели соли 2021 дар як амалиёти махсус 11 нафар бо гумони ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” боздошт шудаанд. Дар миёни онҳо, мутаассифона,  номи зодаи Тоҷикистон, бо номи Солиев Солеҳи 31 сола, низ зикр мешавад.  Инчунин тибқи  расонаҳои хабарии кишварамон дар натиҷаи  корҳои бомуваффақият анҷом додани  кормандони Вазорати дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2020  беш аз  271 нафар аъзо ва тарафдорони гурӯҳҳои ифротӣ ва равияҳо ҷинояти дорои хусусияти террористию экстремистидошта ошкор ва дастгир шудаанд. Аз ҷумла:“Бародарони мусалмон”-  148 нафар; “Давлати исломӣ” -39нафар, “Гурӯҳи 24”- 8нафар; “Ҳизби наҳзати ислом”- 17; “Ансоруллоҳ”-8; “Ал-қоида”-3; “Ҳаракати Толибон” -1 нафар.

Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки саривақт ошкор ва бартараф карда шудани ҷиноятҳо на танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, инчунин вазифаи тамоми мақомот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон мебошад. Сабабҳои ҷой доштани ин гуна падидаҳо маълуманд, ки норозигӣ, низоъву, кинаро аз хориҷи кишвар паҳн намуда, ҷонибдорони ғафлатзадаи худро пайдо мекунанд ва бештар ҷавононро ба доми худ мекашанд. Аз ин рӯ, тарғибу ташвиқи қонунҳои ҷорӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, дарки амиқи равандҳои замони муосир вазифаҳое мебошанд, ки фазои сулҳу оромӣ, осудагӣ ва амнияти ҳаёти ҷомеаро таъмин хоҳанд кард. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок, чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин ирода бар он асос меёбад, ки мо пеш аз ҳама, фарзандони Ватани ягонаем ва манфиатҳои волои он аз манофеи дигари равияву ҳизбӣ ва табақавию маҳаллӣ бартару болотар мебошанд.

Мо  вазифадорем, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намоем. Алалхусус, дар ин раванд ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд, ба фиреби бегонагон дода нашаванд. Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоянд. Бинобар ин вазифаи асосии мо Истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, наслу наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудан аст. Инчунин ба муқобили экстремизм ва терроризм якҷоя мубориза бурда, дасти ҳамдигарро гирифта садо баланд мекунем:

Нест бод, ифротгароӣ !

Нест бод, терроризм !

 

          М. НОСИРОВА., ассистенти

                     кафедраи забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *