ТТЭ ҲНИ – АВОМФИРЕБОН ВА ИҒВОГАРОНУ ХУДФУРӮХТАГОН!

Тавассути расонаҳои хабарӣ ҳамагон медонанд, ки раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ ҳамеша бо кишварҳои кўмаккунанда дар робита буда, то замони ба ҷиноят даст задан худро шоҳу табъашонро вазир меҳисобанд.Аммо баъди ошкор шудани ҷинояткориҳо  ва ба панҷаи қонун гирифтор гардидан, бо интишори баёнияҳо худро бегуноҳ меҳисобанд. То ҳол роҳбарону ҳамсафони ТТЭ ҲНИ дӯсти қарини афроди ҷинояткор буданд, аммо пас аз содир кардани амалҳои зиддидавлатӣ магар бегуноҳанд!   Ин як намуд худсафедкунии пайравони ТТЭ ҲНИ мебошад.

Рӯйхати гурӯҳи авомфиребон ва иғвогарону худфурухтагони берӯй – Муњиддин Кабирї, Шерзамонов Алим, Муҳаммадиқболи Садриддин  ва ғайраву думравонашон Беҳрӯз Тағойзода, аъзои фаъоли “Гуруҳи 24”,  дар зимн гурӯҳакеро ташкил дода, барои замимагузории падидаҳои манфӣ дар ҷомеа равона шудааст. Дар гузашта ва ҳоло низ андешаҳое дар расонаҳо матраҳ гардида, асоснок шудаанд, ки аз ҷониби ҳамин гуна пайравони ТТЭ ҲНИ таҳдидҳо ба ҷомеа ва давлату миллати тоҷик ҷой дорад. Роҳбарият ва сатҳи болоии ҳизб мавқеъҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумату давлат ва сокинони Тоҷикистон доранд. Мавқеъгирӣ ва тафсирҳои авомонаву муғризонаи раёсати фирории ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз бо номи “Паймони милли…” буруз кард, мухолиф ба арзишҳои миллии давлату миллати тоҷик мебошад.  Мо калимаи Тољикистон-ро илова накардем ,  бо иваз кардани ном дар дигар шакл аз роҳбар сар карда то аъзоёну пайравон ҳамон наҳзатиҳои пешин ҳастанд.

Пӯшида нест,ки дар кишварҳои Аврупо дар мадди аввал иқомат доштан, душвориҳо ба миён меояд ва он гаронбаҳо аст, агар пули бедарди миён ва ё пуштибонӣ дошта бошад. Барои бадхоҳони миллат, бошад маблағгузориву пуштибонии  хоҷагони хориҷӣ аст, ки  роҳбарияту аъзоёни  ТТЭ ҲНИ-ПМ ва думраваш “Гуруҳи 24” боз ба майдони сиёсӣ ворид шавад.

Аз рафтору гуфторҳои Кабирию пайравонаш андеша намуда, чунин хулоса менамоем, ки таҳлилҳои ноқис, бепоя ва шикастаи  бадхоҳоҳни миллат дар асл ниёз ба посухи илмӣ надорад. Танҳо шахси аз илми сиёсат ноогоҳ ва ё шахси душмани миллату давлат чунин пешниҳоду хулосабарорӣ мекунад. Хулоса ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест!

Дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ,  думраваш“Гуруҳи 24“ ва хоҷагони хориҷиашон  фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби як даста хоинҳои ватанфурӯш намефтанд ва онро доимо шадидан маҳкум менамоянд.

Мо  имруз баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи бадхоҳони миллат муборизаи беамон  мебарем ва  барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор ҳастем!

Р.АНВАРӢ,

УСТОДИ ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *