ТТЭ ҲНИ – ТАШКИЛОТИ АҲРИМАНСИРИШТОН

 

Сулҳу ваҳдат барои тамоми мардуми тоҷик азизу муқаддас аст ва онро мо чун гавҳараки чашм азизу муқаддас медорем. Зеро он ба осонӣ ба даст наомадааст. То ҳол ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта аз хотири мардум дур нашудааст ва сулҳу субот, оромӣ барои тамоми мардуми тоҷик азизу муқаддас аст.

Имрӯз терроризм ва экстремизм яке аз падидаҳои зишт ва хатарнок барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Аз расонаҳои хабарӣ ҳар яки мо шоҳиди онем, ки имрӯзҳо дар гӯшаю канори дунё ҳодисаю амалҳои зиёди террористӣ ба амал омада истодаанд.

Амалҳои аҳримансириштонаи  ТТЭ ҲНИ бо роҳбари Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунад. Зеро Кабирӣ ва пайравони ӯ доимо ба иғвогарию тӯҳмат овора буда, амалҳои ғайриинсониро нисбати ҳамватану ҳаммиллати худ содир намудааст. Имрӯз низ наҳзатиён дар Аврупо қарор дошта, амалҳои шайтониашонро идома дода истодаанд .ТТЭ ҲНИ дар воқеъ ташкилоти террористӣ ва хиёнаткор аст, ки он барои ҳамагон аён гардидааст. Бахусус мо бори дигар аз намоиши филмҳои мусанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва «Хиёнат» бо далелҳои раднашаванда тасдиқ ва исботи амалҳои содирнамудаи наҳзатитёнро дарк карда, ба худ хулосаи зарурӣ баровардаем. Воқеан, наҳзатиҳо бо амалҳои нопокашон собит карданд, ки ба арзишҳои милливу инсонӣ эҳтиром надоранд. Барояшон арзишҳои маҳдуди мазҳабӣ ва хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Бо дарки ин маънӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ талош бар он дорад, ки дар роҳи мубориза ба ин амали номатлуб ҳамҷоя амал намояд.

Муборизаи ҳар як узви ҷомеаи ба муқобили терроризм ва экстремизм дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, арзишҳои миллӣ, фарҳангу забон ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад. Ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ расида, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

 

 Зарипова Г.С., ассистенти кафедраи

тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *