ТТЭ ҲНИ роҳи терорро идома медиҳад

Роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар рўйхати кофтукови байналмиллалӣ қарор доранд, кўшишҳои бенатиҷаи худро ҷиҳати ҷалби таваҷҷўҳ ба ҳизби наҳзат ва таъсиси «хилофат» идома медиҳанд. Онҳо аз ҷазои ҷиноии сазовор барои фаъолияти террористиашон пинҳон шуда, ба таври виртуалӣ тавассути шабакаи интернет ба омма муроҷиат мекунанд.

Онҳо кўшиш доранд, ки бо роҳи найрангу фиреб муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан, намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Албатта, ин амали наҳзатиҳо бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори хориҷӣ сурат мегирад.

Ҳамарўза хиёнату ҷинояти ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо нисбати Тоҷикистон ифшо гардида, дастпарварону пайравони ҳизби назҳат мазҳаби бегонаро қабул карда, мехостанд, онро ба сари мардум бор созанд. Ин аст, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ мазҳаби халқи худро фурўхта, ғуломи мазҳаби бегона шуданд. Инчунин, онҳо тариқи сайтҳои ифротгарои наҳзатӣ атрофи далелҳо ҳарф мезананд. Мехоҳанд, нишон диҳанд, ки наҳзатиён террористу аҳли шиа нестанд. Аммо, ҳамагон аз амалҳои шумо, террористону шиаҳо, огоҳ буда, акнун ҳоҷат ба пинҳон кардан нест.

Мардуми сулҳпарвари тоҷик ба ҳарфҳои шумо дигар эҳтиёҷе надорад ва гўш ҳам намедиҳад, зеро тинату ботини шумо аз амали инсоният дуранд. Барои пойдории сулҳ намегузорад, ки шумо лаҳзае даст ба ифроту тундгароӣ занед.

Ахмедова Адиба Юсуфҷоновна,
омўзгори кафедраи
молшиносӣ ва муоинаи молҳои ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *