ТТЭ ҲНИ- НОХАЛАФОНИ ИФРОТӢ

     Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар ҷомеаи имрӯза шахсони ношукру хиёнаткор, амсоли раҳбару пайравони  ТТЭ ҲНИ  арзи вуҷуд доранд, ки баъд аз иқрору аён гардидани ҷиноятҳои содирнамуданашон ба кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хогҷагонашон паноҳ ёфта, ин нохалафон  пайваста тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ифротӣ менамоянд. Зимни баромадҳои ифротиашон  асосан оид ба ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима табдил менамоянд. Хоинони миллат, ки берун аз кишвар қарор доранд, аз  дастовардоҳои беназири Тоҷикистон бехабаранд ва ё худро ба нодонӣ мезананд. Дар урфият мегӯянд, ки вақт довар аст, воқеан имрӯзҳо дар Тоҷикистон садҳо корхонаҳои нави муосир ва муссисаҳои маориф, тандурустиву фарҳангии замонавӣ амал менамоянд ва бунёд мегарданд. Инчунин, ҳама бо таҷҳизоти нави технологӣ муҷаҳҳаз буда, имконияти маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол карданро доро мебошанд. Дар минтақаҳои гуногуни кишвар иншоотҳои бузург, роҳҳои навбунёд ва коргоҳҳои  саноатии замонавӣ сохта шуда, дар ин самт алҳол корҳо бо маром идома доранд. Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида  бояд қайд кард,ки  мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии  хоинони миллат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна ашхосони мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад.  Хулоса,  фаъолияти бадхоҳони миллат, ки бештарашон дар хориҷи кишвар қарор доранд, маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, бахусус ба мӯҳоҷирони меҳнатӣ , даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи душманони миллат ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад. Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва душманони миллат нахоҳанд шуд. Намегузорем, ки пои нохалафи ифротӣ марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.

А. ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *