ПАЙМОНИ ХУДСОХТА– ФАНОИ ТТЭ ҲНИ!

Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол сарбаланду ифтихорманд аз он ҳастем, ки имрӯз дар Тоҷикистони азиз дар як фазои тинҷию оромӣ, сулҳу ваҳдат, дӯстиву бародарӣ ва хотир ҷамъ умр ба сар бурда истодаем. Вале, мутаассифона, дар ҷомеа имрӯза аз шахсони ношукру хиёнаткор холӣ набудааст. Ба мисоли раҳбарияту  аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати ислом –ҲНИ, равияҳои ифротӣ, аз қабили салафияву ваҳҳобия, ихвониву таҳрирӣ ва ғайраҳо. Мо борҳо оид ба ин  масоил андешаҳоямонро иброз дошта булем. Ин навбат оид ба ҲНИ, ки роҳбарияту ҳаммаслаконаш баъд аз фирорӣ шуданаш, бо номи “Паймони миллӣ” таъсис додааст андешаҳоямонро иброз медорем ва бо боварии комил гуфта метавонем,ки аз назари ақидавӣ ва маънавӣ таъсиси Паймон ин фанои ниҳоӣ  ва худсохтаи ҲНИ аст! Зеро ҲНИ аз назари ҳуқуқӣ кайҳо аз байн рафта буд, аммо аз назари сиёсӣ ва иттилоотӣ ҳанӯз  онро дар фазои иттилоотӣ нигоҳ медоштанд. Ба андешаи мо наҳзатиён чун калламушон дар киштии ғарқшаванда қарор доранд! Таъсиси «Паймони миллӣ» далели он аст, ки раҳбарияти паймон ҳизби худро ба осорхонаи таърих  супориданд. Яъне ҲНИ ҳамчун ҳизби сиёсӣ мурда ва аз байн рафтааст ва “Паймони миллӣ” як навъ санги мазори ин ҳизб аст. Зеро имрӯз ҷаҳониён моҳияти ин ҳизб, собиқаи ин ҳизб ва дидгоҳи ифротии ин ташкилоти террористиро медонанд. Воқеан наҳзатиён бо хиҷолат  ин номро баргузидаанд.

  Дар урфият мегӯянд офтобро бо доман пӯшида намешавад ва вақт довар аст! Фаромӯш накардаем, ки ҷанги шаҳрвандӣ натиҷаи фаъолияти экстриместию террористӣ ва зиддиконститусионии ТТЭ ҲНИ буд, ки сабабгори гумроҳии ҷомеаи Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта мебошад ва тамоми аркони сиёсӣ ва бахшҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро фалаҷ кард. Мамлакат дар вартаи ҳалокат қарор гирифт. Дар он рӯзгори бесару сомон зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони кишвари мо ҷони худро аз даст доданд, даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандон ва ҳазорон нафари дигар аз ҳамсарони хеш маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдак ятим монд. Беш аз 1 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон тарки маҳали доимии зист карданд. Гуреза шуданд. Зиллату хориҳо диданд. Ҳазорон ҳазор ҳамватанони ғарибафтодаи мо дар мулкҳои бегона бо ёди Ватан ҷон доданд. Дар Афғонистони ҳамсоя қабристонҳое пайдо шуд, ки онҳоро то ҳанӯз «гуристони фирориёни тоҷик» меноманд.

Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки боз ҳам Кабирию ҳаммаслакону думравонаш  барои худ хулосаи зарурӣ набароварда аз дунёи маҷозии интернет муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии  парса мезананду гӯё «ҳақиқат»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанду миллатро аз «нестӣ» мераҳонида бошанд.  Яъне, ду-се фирориву хоин- Кабирию Муҳаммадиқбол  ки дар дунёи маҷозии интернет миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Дар интернет, ки як майдони васеъ ва беканор аст, дар аспи ҷаҳолати бодпо саворанду ба ҳар тарафе, ки хоҳанд меронанд, аммо бехабар аз он, ки онҳо радкардашудагони миллатанд

         Воқеан ғазабу суханҳои беасоси Кабирию пайравонаш  ғарази зиёд, бахилӣ, чашми дидан надоштанатон ба роҳбарияти кишварро ифода мекунад. Мавлоно дар ин бора хеле бамаврид гуфтааст:

         Гар надорӣ дониши таркиби ранг,

         Байни гулҳо зишт ё зебо макун.

         Хуб дидан шарти инсон будан аст,

         Айбро дар ину он пайдо макун.

          Баробари ин, боз таъкидан гуфтанием, ки Кабирию пайравонаш ҳамон гумроҳонанд, ки мӯҳри гумроҳи дар қалби онҳо гузошта, дидаю дониста ба дурӯғпардозию туҳматзанӣ машғул гаштаанд ва тоҷик тоҷики дигарро бадном мекунад.

        Мо ҷавонони бонанугу номуси кишвар ба тамоми мардуми шарафманди тоҷик ва берун аз он муроҷиат намуда гуфтанием, ки муттаҳид бошем ва баҳри ободии диёри азизамон якдилона камари ҳиммат бубуандем. Нагузорем, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ва амсоли барин нафарон нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар тухми кинаю адоват коранд!

     Дар фарҷоми андешаи  хеш бо итминони комил гуфта метавонам, дур нест он рӯзе, ки дар дилҳои мардуми рӯи олам танҳо шодиву сурур танинандоз гардида, қабл аз ҳама ҷавонони имрӯза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрӯзаро барои ояндагон чун меросхӯри воқеъи, чун арҷгузори ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишвари азизамонро мисоли чаманистон мегардонанд.

 Ф. ҚУРБОНОВ,

мудири бахши кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *