Имрӯз дар фазои сулҳу суботи кишвар, афроду гуруҳҳои гумроҳзадаи ифротӣ, аз ҷумла раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ арзи вуҷуд доранд, ки дастовардҳои кишвари моро нодида мегиранд. Имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаҳои ифротиаш пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ва байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Асосан бо ин васила андешаҳои хиёнаткорона ва фосиқонаашон дар арсаи байналхалқӣ шаъну шарафи кишварамонро паст задан кӯшиш доранд. Бояд қайд кард, ки аслу ҳaдaфи раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои ифротгароиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпӯш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaву ҳaрaкaт дорaнд. Ин амалҳое, ки Кабирӣ ва пайравонаш анҷом медиҳанд, хоинона аст! Ин афрод айби худро руйпуш намуда, корашон танҳо кофтукоби айби касон аст, ки бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч ба сари мардуми мо, тоҷикони тоҷдор санги маломат мезананду бо ҳар роҳу воситаҳои шум иттилооти бардурӯғ ва сафасатаҳо номуайян паҳн карда, худро мӯсичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Ин қабил ашхос ҳамон душманоне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Онҳо ба монанди ҷуғзе ҳастанд, ки аз пайи вайронакориҳо ҳастанд ва мақсади онҳо танҳо ғорат ва нест кардани давлату миллат аст.
Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки бояд имрӯз ҳар фарди мардумони кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрафторонро шадидан маҳкум менамоем.Инчунин баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон фаъолияти хешро равона карда, баробари ин баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат муборизаи беамон барем.
Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия ва қарз