Мутаассифона, гурӯҳе ҷавонони кишвар аз нодонӣ, сатҳи дониши пасти диниву дунявӣ, умуман, дарк накардани масъалаҳои худшиносии миллӣ, ифтихор надоштан аз гузаштагони шуҳратманди диёр ба он оварда расонид, ки таҳти таъсири мубаллиғони хориҷӣ унсурҳои фарҳанги миллиро нодида мегиранд. Масалан, бетоқӣ яъне бе сарпӯш ба масчидҳо даромадан (гарчанде ба дин ягон рабт надорад, вале аз унсурҳои анъанаи неки ниёгони мост, ки ба хотири гиромидошти масҷиду намоз нигаронида шудааст), инкор кардани баъзе оинҳои миллӣ, ба бар намудани либосҳои бегона, беэҳтиромӣ нисбат ба падару модар ва калонсолон, инкор кардани ҷашнҳои миллӣ ва амсоли инҳо ба назар расиданд. Ин ҳолат асосан аз солҳои 90-уми асри гузашта ба мушоҳида расиданд. Имрӯзҳо бошад, баробари рушди воситаҳои иртиботӣ ва паҳн гаштани шабакаҳои интернет дар байни ҷомеаи мо тақлид кардан ба фарҳанги бегона ба назар мерасанд. Баробари ин, ҳодисаҳои ҷонибдорӣ кардани ҳизбу ҳарактҳои мухталиф, аз қабили ДИИШ, ТТЭ ҲНИ, “Гуруҳи 24” ва амсоли ин, ки фаъолияти онҳо ба манфиати кишвари мо нестанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасанд. Ин ҳолат натанҳо дар кишвари мо, инчунин дар дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба назар мерасанд. Хулоса, бояд қайд намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳизбу ташкилотҳои экстремистиву террористӣ бо истифода аз дастоварҳои навтарини технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ,васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо хабарҳои бардурӯғ ба ҷалб намудани аъзои нав ба сафи худ машғуланд. Ин андешаҳо бозгӯкунандаи воқеияти имрӯзаи ҷаҳон аст.
Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем,ки тибқи расонаи хабарии “Sabah”-и давлати Туркия, 2 нафар шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ-2023 дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд. Ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем, то ба хулоса омада, ба воқеоту рӯйдодҳои ҷаҳони муосир воқеъбинона баҳо дода, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил саъю талош варзем. Воқеан таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна иғвогарии матбуотӣ, интернетӣ, ноҷӯр сохтани авзоъ дар кишварро гирад.
Умуман, раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Албатта, мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, инчунин тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати мо саҳмгузор бошанд.
К. КАЛОНОВ ,
устоди ДИС ДДТТ