Моҳи сентябри соли 2015 ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастури бевоситаи хоҷагони худ ва бо воситаи дастпарварони худ нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ карданӣ шуда, ба сулҳу ваҳдат ва амнияти Тоҷикистон ҳуҷум карданд. Албатта ин кӯшиши онҳо саривақт саркӯб шуду Тоҷикистони мо аз ин хатари аҷнабӣ наҷот ёфт. Аммо ин амали ҲНИТ ба таври қатъӣ маълум кард, ки ин гурӯҳ дигар ислоҳ намешавад. Аз ҳамин сабаб, Суди Олӣ маҷбур шуд, ки фаъолияти ин ташкилотро қатъ кунад. Ҳамин тавр, ҲНИ дар асл як ташкилот буда, тарроҳону спонсорҳояшон ва хоҷагонашон аз хориҷи кишвар ҳастанд. Мақсад, идеология ва тарзи корашон танҳо мансаб ва вайрон кардани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Инро ба назар гирифта, дигар фарқе надорад, ки мо «ДОИШ» гӯем, «Ал-қоида» гӯем, «Толибон» гӯем, «Боку Ҳаром» гӯем ё «ҲНИ» гӯем. Номҳо гуногунанд, аммо фаъолият ва моҳият як чиз аст. Ё дигар фарқ надорад, ки Бен Ладен гӯем, Мулло Умар гӯем, Абубакри Бағдодӣ гӯем ё Муҳиддин Кабирӣ гӯем. Номҳо фарқ мекунанд, ҷойҳо фарқ мекунанд, формаҳо фарқ мекунанд, аммо вазифаҳо, ролҳо, хоҷагон, спонсорҳо як аст.
Маҳз ҳамин умумият ва ҳақиқатро ба назар гирифта, моҳҳои охир ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои қудратманди олам ҲНИ-ро ҳам дар қатори «Алқоида»-ю «Толибон»-у «ДОИШ» ба рӯйхати ягонаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил карда, фаъолияти онро дар ҳудуди худашон манъ карданд. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он кишварҳои Россия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон дохил мешаванд ва ҳамчунин, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), ки ташкилоти қудратманди минтақа мебошад, ҲНИТ-ро якдилона ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карданд. Политсияи байналмилалӣ ё Интерпол бошад, номи роҳбарони гурезаи ҲНИТ-ро дар садри рӯйхати ҷинояткорони байналхалқӣ ва террористони хатарноки ҷаҳонӣ ҷой дода, ҳукми боздошти онҳоро дар тамоми олам додааст. Ин қарори қатъии ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои бонуфузи ҷаҳон бори дигар моҳияти экстремистӣ ва террористии ҲНИ-ро исбот карда, бори дигар ҳамон ДОИШ будани ҲНИ-ро нишон медиҳад.
Хушбахтона, баъди қатъи фаъолияти ин ҳизби хиёнатпеша мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебаранд ва зина ба зина иқтисодиёти кишвар рушд мекунад ва якҷоя масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро меёбад. Ҳамаи мушкилотҳоро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ дида метавонем.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди миллатро зарур аст масъулиятшиносона ва содиқона вазифаи бар дӯш доштаро содиқона анҷом диҳанд. Сулҳу суботи кишварро чун гавҳараки чашм ҳимоя намояд ва бар зидди душманони миллат муборизаи беамон баранд.
Раҳимов Салоҳиддин,
ассистенти кафедраи молшиносӣ
ва фаъолияти гумрукӣ