ТТЭ ҲНИ –ГУРГСИРАТИ ХИЁНАТКОР

Дар урфият мегуянд «Гургзода оқибат гург шавад», ки ин ба косалесон ва нонхурони собиқ аъзоёни ҲНИ ва ё ба ном Паймони миллӣ, ки дар кишавари Аврупо паноҳ ёфтааст, таалуқ дорад ва онро ҳамагон бо назардошти рафтору гуфтораш ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ номгузорӣ кардаанд. Мушоҳида нишон медиҳад, ки наҳзатиҳои гургсирати ҳиёнаткор бар ивази луқмаи ҳаром ҷиҳати иҷрои супоришҳои хоҷагони аҷнабии тоҷикситезашон иборат аз гурўҳҳои 2 – 3 нафар, зери номҳои гуногун, вале, дар асл ҳамагӣ фармонбардори як хоҷа чун доғи сиёҳ зуҳур карда, бешармона гӯё байни худ ба созиш расида, боз гурўҳҳои ҷангҷў таъсис додаанд. Аз ҷумла, гургсирати хиёнаткор М.Кабирӣ дар барномаи «Паймони миллӣ..» (ПМ), М.Садриддин дар барномаи “Пайванд”ва Б.Тағойзода дар барномаи ифротии “Садои мардум” барои амалисозии ҳадафи нопокашон нисбати кишари мо хиёнатомез, баромад карда истодаанд.

Таҳлилҳо собит менамояд, ки ташвиқу тарғиботи аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ПМ ва пайравони он тавассути шабакаҳои интернетӣ бо дастгирии давлатҳои ғарб ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи динию дуняви ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Бояд қайд намуд, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд давлату миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Ин бадандешон ҳамчун лошахўрони иҷтимоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ камин гирифта, бо лаҳни “нарму меҳрубонона” наврасону ҷавонон ва сокинони кишварро ба доми худ мекашанду ҳаёти босаодати онҳо ва зиндагии тинҷу осудаҳолонаи онҳоро ба коми бадбахтиву ноумедиҳо мебаранд. Масалан дар шаш моҳи соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ 143 нафар гумроҳшудагон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир шудаанд. Аз миқдор ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ 10 нафар. “Ихвон-ул-муслимин” 3 нафар, “Давлати исломӣ” (ДИИШ) 26 нафар, “Салафия” 45 нафар, Гурӯҳи-24 13 нафар, “Ансоруллоҳ” 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” 6 нафар, “Ал-Қоида”3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” 8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон 5 нафар ҷиноят содир намудаанд. Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро лозим аст, ки ба воқеоту рӯйдодҳо воқеъбинона баҳо диҳанд, ба амалҳои номатлуб даст назананд. Дар шароити имрӯза вазифаи ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст аз он иборат аст, ки барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил саъю талош варзем ва худро аз чунин ҷараёнҳои номатлуб дур гирем. 

М.Дониёрова,
дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *