ИЗҲОРОТИ омўзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ нисбати суханҳои кўрнамакони миллат дар хориҷи кишвар

Мо омўзгорони кафедра аз гузашти таърих ёдовар гардида, қайд менамоем, ки халқи тоҷик саргузашти талху ширинро аз сар гузаронида, бо хислатҳои накӯ, тамаддунофарию илму дониши ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳон мавқею манзалати хешро по бар ҷо нигоҳ медорад. Ба бахти миллати мо Тоҷикистон баъди ҳазор сол давлати соҳибихтиёр гардид ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ягонаю дунявиро интихоб кард ва бо сарвари хирадпешаю ҷонфидояш ба дастовардҳои бузурги илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Вале имрузҳо душманони дохилию хориҷии миллати мо аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин халқи куҳанбунёдро бадном созанд. Бояд ёдовар шуд,ки Сарвари давлатамон аз гуноҳи онҳо гузашт карданд ва то ҳатто солҳои навадуми асри гузашта си фоизи ҳайати ҳукумат аз ҳисоби намояндаҳои мухолифин таъин карда шуд.Ба ҳамаи ин аҳду паймон таҳаммулпазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда, роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҲНИ то ҳол аз нақшаву ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз кишварҳои дуру наздик ба сари давлату миллат санги маломат мерезанд.

 Таърих гувоҳ ва вақт довар аст, ки кўрнамаки миллат-Кабирӣ ва пайравонашро оқибат хоки ватан кӯр хоҳад кард. Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол набояд фаромӯш кунанд, ки ин тaзоҳуроту ҳамоишҳояшон дигар рӯҳияи озодихоҳӣ, ватандӯстӣ ва созандагии мардуми моро шикаста наметавонанд.

 Бояд гуфт,ки имрӯз бояд ҳар кадоме аз шаҳрванони боору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрафторон ва кӯрнамаконро маҳкум намоем.

 Имрӯз, ки мамлакат бо баракати сулҳу Ваҳдати миллӣ ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад. Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, омодагиҳо ва истиқболи таҷлили ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *