ТТЭ ҲНИ – ГУРӮҲАКИ БЕВАТАН

Мо аз қаблан вобаста ба хоинони миллат, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда истодаанд, аќидаи хешро баён дошта будем Ин навбат оид ба душманони фирории миллат, алалхусус раҳбарияту  пайравони собиќ ҲНИ, ки  имрӯз номи  ТТЭ ҲНИ  ва ё “Паймони миллӣ”(ПМ) дар кишварҳои Аврупо фаъолият менамояд, андешаронӣ менамоем.Таҳлилҳо собит менамоянд, ки  ин хоинони миллат нафақат тариқи шабакаҳои интернетӣ, инчунин  барои худнамоишӣ дар назди марказҳои кишвари Аврупо баёнияи тазоҳургарона менамоянд. Масалан санаи 24 марти соли равон  ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва бинои Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҷамъ шуда, озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Саидов Шамсиддин, яке аз фаъолони аъзои ҲНИ-ро хостанд.

Инчунин  санаи  25-уми марти соли ҷорӣ дар назди Бундестаги порлумони Олмон, дар Берлин  худнамоишӣ ташкил карда, оид ба  ба сафарҳои эҳтимолии роҳбарияти кишвар дар  кишварҳои Аврупо, суханҳои бемантиқона дур аз ҳақиқатро баён доштанд. Бо баробари ин, 30 нафар зодагони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ба тазоҳуроти навбатиашон ҷалб намуда, силсилаи эътирозҳо дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон андешаи носолим иброз доштанд. Бо ин васила ҷинояткороне, ки ба қазияи Хоруғ шомил буданд, пуштибонӣ намуданд.  Вобаста ба эътирозу эродҳои иброз доштаи хоинони миллат,  гуфтанием, ки воцеан кӯшишҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути фарҳанги оламгири халқи тоҷик шоистаи таҳсин аст. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва ҷашнҳои бузургдошти фарзандони барӯманди миллат баргузор мешаванд, ки ба шинохти тоҷикон, таъриху фарҳанг ва дороиҳои маънавии ин миллати куҳанбунёд мусоидат мекунанд.

 Дар бораи зиндониёни сиёсӣ гуфтанием, ки  ин нафарон ба даст силоҳ гирифта ба бародаркушӣ даъват мекарданд ва ё даст ба куштор задаанд. Афроде даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм намудааст ва  бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон ё манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояти вазнин ё ҷинояти махсусан вазнин содир кардаанд ва ҳоказо.

Мо чунин мешуморем, ки иддаои раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ – гурӯҳаки беватанро  мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунад. Зеро ин хоинон доимо ба иғвогарию тўҳмат овора буда, амалҳои ғайриинсониро нисбати ҳамватану ҳаммиллати худ содир намудаанд. Барояшон арзишҳои мазҳабӣ ва хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муќаддасоти дигар мебошад. Ҳадафҳои хиёнаткоронаи ТТЭ ҲНИ бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рў, барои решакан кардани аќидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем, ки ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост!

А.ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *