ТТЭ ҲНИ – ЛАЪНАТКАРДАИ ХАЛҚУ МИЛЛАТ

Мо борҳо зимни изҳороту мақолаҳо нисбати  рафтору гуфторҳои иғвогаронаи хоинони миллат, бахусус фаъолияти пасипардагии раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ андешаҳои хешро иброз дошта будем. Имрӯз низ мо оид ба васвасаҳои пучу бемаънои  раҳбари он М.Кабирӣ ва пайравонаш, ки ҳамаро дилбазан кардаву такроргӯиҳояш касро бештар нисбати ин нобакорон нафратманд кардааст,андешаи навбатиамонро баён менамоем. Таҳлилҳо собит менамояд, ки  ин бадхоҳоҳони миллат баъд аз фирорӣ шуданашон, то ҳол хулосабарорӣ накардаанд ва чун солҳои 90-уми асри гузашта, бо пуштибонии хоҷагонашон, дар кишвари Аврупо паноҳ ёфта, боз нисбати давалату милат иғвогариро пеша намудаанд. Дар робита ба ин, порча аз ашъори Одинабеков Муслим, ки  сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-ро меоварем:

             Бозичаи дасти дигарон аст Кабирӣ,

            Овораву сарсони ҷаҳон аст Кабирӣ.

            Бе Ватану баҷобурдани фармони хоҷагон,

            Ҷуз хоинии Ватан ба касе лозим нест Кабирӣ.

Баробари ин, бояд қайд кард, ки   имрўз ҳар як раҳгузари аврупоӣ аз гапи пӯчу беақлонаи  Кабирӣ ва  пайравонашро аҳмаќнамо медонанд. Воқеан иддаои  раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ, гурӯҳаки беватан такор ба такрор чун тўти дар ҳар баромадҳои ифротиашон масъалаҳои зеринро дарбар мегирад: Зиндониёни сиёсиро озод кунед. Фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳи ҷунбишҳо озод бошад. Нодида гирифтани дастовардҳои кишвар ва нодуруст маънидод кардани сафарҳои роҳбарияти олии кишвар. Дар иртибот ба ин мисол меорем, ки нотавонбинони миллат ба баёнияи тазоҳуроти навбатӣ, ки санаи  25-уми марти соли равон дар назди Бундестаги порлумони Олмон дар Берлин  баргузор шуд.

Ин навбат низ вобаста ба сафарҳои роҳбарияти кишвар дар  кишварҳои Аврупо баромад намуда, суханҳои бемантиқона дур аз ҳақиқатро баён доштанд. Баробари ин, 30 нафар зодагони ВМКБ- ро ҷалб намуда, силсилаи эътирозҳо дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон иброз дошта, бо ин васила ҷинояткороне, ки ба қазияи Хоруғ шомил буданд, пуштибонӣ намуданд. Илова бар ин, санаи 24 марти соли ҷорӣ, ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва бинои Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҷамъ шуда, озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони ҲНИ-ро хостанд. Хуллас бадхоҳони миллат имрӯз бо гуфтаашон “зиндониҳои сиёсӣ”-ро пуштибонӣ мекунанд. Мо дар атрофи ин масоил гуфтанием, ки  паси ин суолҳо дигар савол ба миён меояд! Яъне кистанд  зиндониёни сиёсӣ? Посух ба суол ин аст, ки ашхосе, ки ба даст силоҳ гирифта ба бародаркушӣ даъват мекарданд ва ё даст ба куштор задаанд! Ҳамонҳое, ки занонро ба зери чодар афканда, мардумро аз прогресси илмӣ – техникӣ ҷудо карданӣ буданд! Афроде, ки таассуби динӣ мағзҳои сарашонро хурдааст ва гирифтори бемории фанатизми динӣ мебошанд! Воќеан тасдиќу исботи ин гуфтаҳо дар филмҳои ҳуљљатии “Бозгашт аз љаҳаннам” ва “Хиёнат”бо далелҳои раднашаванда исботу аён шудааст, ки ҳољат ба баён нест!

Бо истифода аз ин фурсат ба хоинони миллат хитобан гуфтанием,ки ба корҳои давлатдории мо мудохила накунанд. Ногуфта намонад, ки хоинони миллат дар сафи лаънаткардаи халқу миллат ҷой доранд. Зеро ин хоинон доимо ба иғвогарию тўҳмат овора буда, амалҳои ғайриинсониро нисбати ҳамватану ҳаммиллати худ содир намудаанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Кабир   ва ҳаммаслаконаш бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Хулоса ҳоло вақти он расидааст, ки шумо низ ба он дасисаҳои худ хотима диҳеду ин пешравию саодати рӯзгори тоҷиконро қабул намоед, вақте ин қадар дар мусоҳибаҳоятон мо тоҷикистонием мегӯед. Зеро сухан дигару амал дигар аст!

Мо фаромӯш кард накардаем, ки Истиқлолият ва сулҳу ваҳдатро ба осонӣ ба даст наовардаем, ки имрӯз ба бадкирдории нохалафе аз даст диҳем. Воқеан Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо,ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Вазифаи мо дар назди халқу миллат аз он иборат аст, ки ба насли фардо низ Истиқлолият нурпошӣ кунад ва ояндаи миллатамон дурахшонтар гардад.

 М.ҶӮРАЕВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *