ТТЭ ҲНИ АЗ ИFВОГАРB ТО ТЕРРОРИЗМ

Таҳлилҳо собит менамояд, ки ТТЭ ҲНИ ва ҳампаймонони он тасаллути комили авмуннос ва фарҳангиёнро меҳвари кор қарор дода, дар ин замина даҳ соли охир амалиёти густурдаи идеологӣ бурда истодаанд ва он аз иғвогарӣ то терроризм роҳпаймоӣ намуд. Воқеан таърих гувоҳ аст, ки суйистифода аз манобеи исломӣ – қуръон, ҳадису суннат ва дар айни замон ба торҳои нозуки эҳсоси мазҳабии мардуми содда ва зудбовар нохун задан стратегия ва тактикаҳои ТТЭ ҲНИ буда, имрӯз низ дар Аврупо қарор дошта, аз ин политтехнология васеъ истифода мебарад. ТТЭ ҲНИ дар таҳту шуур ба қудрат ва салтанати беҳудуди исломӣ ҳавасманд аст ва ин “ҳавас” – ро то охири умр думбол мекунад.

Дар қолаби бозиҳои пуштипардагии қудратҳо барномаи ба истилоҳ ТТЭ ҲНИ ҷо гирифтааст ва аз он ҳамеша истифода мешавад. Террористи хондани ҲНИ барои иддае аз кишварҳо ва давлатҳо ба манфиати корашон ва стратегияашон нест, бинобар ин аз қабули он худро дур кашидани мешаванд. Барои террористи наҳзати миллату халқият бегона аст, танҳо аз иделаи худ, ки бар пояи ҷаҳли мураккаби асримиёнаги устувор шудааст, меандешад ва мекӯшад. Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳои аврупоӣ, бахусус Лаҳистону Олмон бо терроризми исломӣ ба он натиҷа расид, ки дар Аврупо амалҳои террористии исломӣ тез тез сурат мегиранд ва домани худро густардатар мекунанд.

Дар маҷмӯъ стратегияи асосии наҳзатӣ – касби қудрат ва барпо доштани салтанати исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ – дарёфти маблағ, тавсеа додани нуфуз, сохтани тавтеа ва дасисаҳо ва парокандани онҳо, иғвогарии матбуоти ва интернети, ноҷӯр сохтани авзоъ дар минтақа аҳдофи стратегиашро роҳандозӣ менамояд.

Воқеан шароити тағйирпазири ҷаҳони кунунӣ барои ҳар якеи мо, сокинони Тоҷикистон, тақозо менамояд, ки дар мавриди шинохти бештари истиқлоли миллӣ, сиёсӣ ва ҷавҳари аслии он тафаккури бештар зоҳир кунем. Зеро дар шароити ҷомеаи муосир масъалаи рушду таҳкими суботи сиёсӣ аҳамияти махсус ва калидӣ касб менамояд.Бо назардошти вазъияти ногувори ҷаҳонӣ ҳоло вақт расидааст, ки ҷавонони Тоҷикистон, бахусус аҳли илму маърифат ва равшанфикрон дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон муттаҳид бошанд.

                               Абдуллоев Ғ., дотсенти кафедраи

математикаи олӣ ва

технологияҳои  инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *