Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

«Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».

Эмомалӣ Раҳмон,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҷаҳони пуртазоди муосир Ваҳдати миллӣ ягона воситаи дар таърих санҷидашудаи муросову оштии миллатҳо мансуб гардида, намунаи олӣ ва барҷастаи он Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба даст омадани Сулҳ ва Ваҳдати миллии тоҷикон баъд аз ҳазор соли бедавлативу бенавоӣ, расидан ба Истиқлолияти комили давлатӣ, рушду нумӯи иқтисодиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама пойдории сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон, ҳама далели хирадмандии миллати мо, алалхусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намуданд, ки “Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат  ба даст омадааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем.”

Аҳли ҷомеаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ба ҷашни таърихии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳаматарафа мебинанд. Донишкадаи мо дар солҳои охир фаъолиятро дар соҳаҳои таълим, илм ва тарбия самаранок ба роҳ монда, ҷиҳати созандагиву ободонӣ ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии халқу Ватан пайваста саҳмгузорӣ менамояд.

Аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, ҳайати профессорон, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони донишкада, бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумо ва сокинони сарбаланди Ватани азизамонро ба ҷашни фархундаи Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки дар кишвари азизамон сулҳу субот, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан пойдор монда, ҳар як сокини бо нангу номус бо азму иродаи созанда дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзандаи хешро гузорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *