ТТЭ ҲНИ АЗ ДИИШ ВА ДИГАР ГУРЎҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ФАРҚЕ НАДОРАД!

Мо дар остонаи 30-солагии истиқболи Истиқлоли давлатӣ ҳастем, ки бояд ҷазб бо он бошем ва бо диққат нисбат ба сарнавиштамон бетаваҷҷуҳ набошем. Чунки аз як тараф тамоилот ва гароишҳои сиёсӣ, аз сўи дигар, хурофотҳои баъзе гурўҳҳои мазҳабӣ ва равияҳои ифротии динӣ ба мисоли ТТЭ ҲНИ «Гурўҳи 24» роҳи асли наслро ѓалат месозанд. Ин сархўрдагон буданд ва агар ба таърихи си соли истиқлоли миллиамон бингарем, ҳамеша онҳо бо «либосу кўлоҳ»-и дигар, бо тафриқаву тафовут сангар сохтанд, мардумро ба парокандагии миллӣ даъват карданд ва мулло-намоёнӣ намуданд. Онҳо ҳоло ҳам онҳо дар Аврупо иқомат дошта, барои манфиати сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ сарнавишти миллатро ба савдо мегузоранд.

 Мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мубаллиѓони ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар дар байни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таблиѓоти васеъ бурда, баъзе ҷавонони гумроҳро ба доми худ меандозанд. Ин мубаллиѓон бо ҳамкории хадамоти ҷосусии кишвари ҳомии ҲНИ ҷавонони фирефташудаи тоҷикро бо додани раводиди он кишвар, аввал ба ҳамон кишвар ва аз он ҷо ба Афѓонистон мефиристанд, то ба гурўҳҳои қаблан омоданамудаи террористии ҲНИ бипайванданд. Ин гумроҳшудагон дар шимоли Афѓонистон ҳамроҳ бо дигар созмонҳои террористӣ таҷрибаи ҷангӣ меомўзанд. Барои онҳо фарқе надорад, ки киро мекушанд: афсару сарбози артиши Афѓонистони мусуломниро ё зану кўдаки бегуноҳи мусулмонро. Зеро онҳо аз виҷдон, эмон, андеша, шараф, ҳайсият ва инсоният маҳрум карда шудаанд. Онҳоро дар мактабҳои махсуси террористӣ маѓзшўӣ кардаанд ва чунин омўзондаанд, ки раҳбарони ҷиноятпешаашон ҳарчӣ ки гуфтанд, бояд бе чуну чаро иҷро намоянд. Онҳо дигар қудрати фикр кардан надоранд, ки ин кор дуруст аст ё нодуруст. Дар робита ба ин ёдовар шудан зарур аст,ки иштироки чанде аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ҳодисаи номатлуби рухдода дар ҳудуди ноҳияи Моймайи вилояти Бадахшони Афѓонистон санаи 20 ноябри соли 2020 мебошад. Дар ҳодисаи мазкур чанд нафари гумроҳи зодаи Тоҷикистон, ки тавассути ТТЭ ҲНИ ба террористони ваҳшии хуношом табдил ёфта буданд, сарбозони артиши Афѓонистонро ҳатто пас аз асир шудан сар буриданд ва ин кори худро дар шабакҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд. Баробари ин бояд қайд кард, ки дар ҳудуди каламрави кишвари мо низ аз ҷониби наҳзатиён ва дигар гурўҳу равияҳои ифротӣ даст ба ҷиноят заданашон ба назар мерасад.Чунончӣ, дар шаш моҳи соли 2021 дар қаламвраи ҷумҳурӣ 143 нафар гумроҳшудагон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир шудаанд. Аз миқдор ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ 10 нафар “Ихвон-ул-муслимин”3 нафар, “Давлати исломӣ” (ДИИШ) 26 нафар, “Салафия” 45 нафар, “Гурӯҳи 24”13 нафар, “Ансоруллоҳ” 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” 6 нафар, “Ал-Қоида” 3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” 8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон 5 нафар дастгир шудаанд.

 Хулоса, бояд донист, ки ТТЭ ҲНИ аз назари ақида, ҳадафҳояш воқеан як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, аз ДИИШ ва дигар гурўҳҳои террористӣ фарқе надорад. Танҳо зоҳир ва пўшиши худро замонавӣ нишон медиҳад ва шиорҳои гўё мардумӣ ва демократӣ сар медиҳад. Дар асл ин ҳизб на камтар аз дигар гурўҳҳои террористӣ барои Тоҷикистон ва кулли минтақа хатар дорад.

Мо дар фарҷомои мақолаи хеш иброз медорем, ки баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи ТЭТ ҲНИ камари ҳиммат баста, бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои душманонаи Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми мукаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.

Р. МАНОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *