БОЗИИ ЧАНДГОНАИ КАБИРӢ ДАР АВРУПО

Таҳлилҳо собит менамояд, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ имрўз дар Аврупо қарор дошта, дар ин авохир бозии чандгонаеро дар пеш гирифтааст. Бар асоси он, дар расонаҳои аврупоӣ наҳзатро як ташкилоти мардумӣ ва демократӣ вонамуд мекунад, дар расонаҳои ҷаҳони араб онро созмони исломии марбут ба пайрави ҷараёни Ихвония бар пояи андешҳои ду тан аз инқилобчиёни фикрии асри бисти олами араб Саид Қутб ва Ҳасан- ул-Бано мехонад.Дар расонаҳои кишвари маълум онро созмоне бархоста аз андешаҳои инқилоби исломии кишвари маълум медонад. Аслан собиқ ҲНИ, алҳол ҳамагон онро бо номи ТТЭ ҲНИ-Паймони миллӣ мешиносанд, ки ин ҳизб на ба хотири ормонҳо динию мазҳабӣ, балки ба хотири ба даст овардани қудрат ва хидмат дар ростои аҳдофи инқилобии хадамоти ҷосусии кишвари маълум рўи кор омада буд ва мемонад. Собиқ аъзои ҲНИ ва бахсус Кабирӣ то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набаровардааст. Имрўз Кабирӣ дар ҳотелҳои орому роҳати Аврупо нишаста, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротӣ-Паймони миллӣ..баромад намуда, мақомоти амниятии кишвари муҳоҷирпазирро нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик ҳассос мекунад ва ин хиёнати навбатии ўст. Хулоса, бояд донист, ки ташиклоти террористи ва ифротгарои “Ҳизби наҳзати ислом” аз назари ақида, ҳадафҳо ва амалкард як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, аз ДОИШ ва дигар гурўҳҳои террористӣ фарқе надорад. Танҳо зоҳир ва пўшиши худро замонавӣ нишон медиҳад ва шиорҳои гўё мардумӣ ва демократӣ сар медиҳад.

 Дар интиҳои мақолаи хеш таъкидан хотиррасон мекунем, ки хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.Ҳамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин тавонистанд нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоянд.

А. ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *