Тайи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои аз терроризиму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор мегарданд ва фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамоянд.
Воқеан терроризм яке аз равияҳои тундгарои ҷомеа буда, асосан ба мақсади ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери динию экстримистӣ доштаи худ бештар усулҳои навтарини шустани майнаро бо истифода аз технологияҳои сиёсӣ рӯйи даст гирифтааст. Ҷавонони гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғи хоҷагони террорист бовар намудаву фирефта шуда, аксаран ба доми он меафтанд. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ташкилот ба ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), Ал-Қоида, ки дар аввал маҳз чунин гурӯҳҳои ғайриқонунӣ зидди ҳукумати қонунӣ баромада, вазъиятро дар дохил вазнин намуда, баъдан ба он дигар давлатҳо ё ба таври дигар гӯем хоҷагони берунаи онҳо барои амали намудани нақшаҳои худ аз хизмати онҳо истифода мебаранд.
Баробари ин бояд қайд кард, ки равшанзамирон бо ақлу идрок ва амалу рафтору кирдорашон рисолати зиндагисоз доранд, нафарони худхоҳ ва бефитрату нотавонбин ба онҳо душманӣ меварзанду бадгӯӣ мекунанд. Шефтаи ҳадафҳои нопок ва ғарқи хаёлоти зишт дигар ҳама одаму оламро фаромӯш карда, танҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи атрофиёну афзудани ҳаммаслакони худ аз разолату ҳасодат ва бешарафию бевиҷдониҳояшон натарсидаю нашармида, туҳмату буҳтонро силоҳ карда, барои амалӣ кардани ғаразҳои шахсӣ ва ё гурӯҳии хеш сафедро сиёҳ гӯён худро нафратзадаю расво мекунанд. Чунин шахсон, мутаассифона, дар рӯзгори мо низ ҳастанд. Яке аз онҳо ва пештозу думликконашон раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирист. Ин худбохтаю раҳгумзадаи замони мо то ба ҳадде гумроҳу зулматнишин шудааст, ки дигар ба шуълаҳои дурахшону мунаввари зиндагӣ нафрат дорад, дида наметавонад, қалби касифу тинати ношарифаш аз равшанию равшангароӣ ҳарос дорад. Фаромӯш накардаем, ки ҷанги шаҳрвандӣ натиҷаи фаъолияти экстриместию террористӣ ва зиддиконститусионии ТТЭ ҲНИ буд, ки сабабгори гумроҳии ҷомеаи Тоҷикистон дар аввали солҳои навадуми асри гузашта мебошад. Ин зархаридони доираҳои манфиатҷӯи хориҷ ин қадар ғаму кулфатро ба сари халқ оварданд, ки таърих гувоҳ аст. Табиату тинати ба хиёнат одат кардаи раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ оромашон нагузошту ҳамкориро бо ДИИШ ба роҳ монданд. Ниҳоят қаноти ДИИШ гардида, беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баъди соли 2014 ба Сурияву Ироқ рафта, ба гуруҳи тундрави ДИИШ пайвастанд. Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик бо мақсади пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд.
Баробари ин бояд қайд кард, ки нисбатан ба эътидол омадани вазъи кишварҳо чун Сурия, Ироқ ва Ливия, аъзоёни ДИИШ ва Ал- Қоида ба таври ошкору пинҳонӣ дар қаламрави Афғонистон маскан гирифтаанд, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Бинобар ин бар алайҳи терроризиму ифротгароӣ муборизаи беамон бурд ва ҳар як шаҳрванди кишвар оид ба ин масъала бетараф набошад, дар пешгирии ин амали номатлуб саҳмгузор бошад. Гузашта аз ин зарур аст, ки дар байни ҷавонон корҳои тарғиботиро оид ба таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаи одамон, дӯст доштани Ватан, инсондӯстӣ, расидан ба қадру қимати истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва бовар накардан ба ҳар гуна фиребу дасисаҳои душманони миллат тақвият бахшем ва бо далелу мисолҳои равшану возеҳ ба онҳо ин хатарҳо ва оқибатҳои фоҷиабори онро фаҳмонем. Мо насли наврасро бояд тавре тарбия намоем, ки онҳо барои ҳимояи марзу буми ватани худ ҷоннисор бошанд.
Д. ШАРИПОВ ,
устоди ДИС ДДТТ