Тири бадхоҳони миллат хок хӯрд, ё сафари Пешвои миллат ба Бадахшон бобарору самаровар буд

Оид ба сафари кории Пешвои муаззами миллат ба ВМКБ дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои зиёд дарҷ шуданд. Аксари нигоштаҳо ин сафари бобарори Роҳбари давлатро нек арзёбӣ намуда, мавриди истифода қарор гирифтани иншоотҳои гуногунро бар нафъи бошандагони ин минтақаи дурдаст арзёбӣ намуданд. Аммо дар ин миён «журналисттарошону коршиносони масоили сиёсӣ» дастуру супоришҳои Пешвои миллатро вобаста барои боз ҳам хубтар гардидани вазъи сиёсии ин минтақа ба таври муғризона қаламдод карданд. Вазифаи ҷонии мо бояд ба аҳли ҷомеа ба дурустӣ фаҳмонем, ки супоришҳои додаи Пешвои муаззами миллат барои тинҷиву ободӣ ва пешрафту шукуфоии ин гӯшаи ободи диёр, ки «Дарвозаи тиллои Тоҷикистон» низ меноманд, нигаронида шудааст.

Нотавонбинону душманони миллат мехоҳанд ба ҳар роҳ вазъи сиёсии кишварро ба чашми оламиён чун миллати ҳақиру залил нишон диҳанд. Сафари панҷрӯзаи Перезидент ба Бадахшон дар расонаҳои хабарии «Паём. нет», «Ахбор.ком» ба таври муғризона инъикос шуда, гӯё ин минтақаи аз лиҳози сайёҳӣ рушдкардаро чун минтақаи қафомонда арзёбӣ намудаанд. Вазъи таъминот бо маводҳои хӯрокаро дар минтақа ташвишовар маънидод кардаанд. Хол он ки нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи давлат ва Ҳукумати кишвар ба вилояти Бадахшони кӯҳӣ бештар буда, ин ҷо то таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 150 иншооти ҳаётан зарурӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар қиёс ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳама фасли сол вазъи таъминот бо барқ хубтар аст. Ҳоло сарҳади вилоят аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи сарҳадӣ хуб нигаҳбонӣ шуда, ягон қувва наметавонад ба ҳудуди кишвар ворид шавад.

Мавриди зикр аст, ки баъд аз созишномаи «Паймони миллӣ», ки душманони миллат дар шаҳри Варшава дар нишасати САҲА бо ҳам омаданд, ҷанги иттилотӣ аз ҷараёни САҲА ба ВМКБ кӯчид. Хосса, роҳбарони Анҷумани озодандешон ва Паймони миллӣ ҳар яке вазъи сиёсии ВМКБ-ро ташвишовар баҳогузорӣ намуда, бо овардани «мисолҳо» хостанд мафкураи сокинони Бадахшонро бар зидди давлат ва Ҳукумати кишвар равона кунанд, аммо тирашон хок хӯрд. Хурду бузурги ин минтақа сиёсати Роҳбари давлатро дастгирӣ мекунанд ва он ободие, ки имрӯз дар ин гӯшаи кишвар шуда истодааст, болотар аз дасисаҳои душманони миллат аст.

Ҷалолов Нодирҷон,
факултаи тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ
номзади илми иқтисод, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *