Дар давоми 27-соли соҳибистиқлолии кишвар дар ҳама самтҳо пешравиҳои назаррас мушоҳида мешавад. Мо боварӣ дорем, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат бо дилу нияти соф меҳнат намуда, барои фардои дурахшони кишвар ҷаҳду талошҳои созанда менамоянд. Аммо, мутассифона, ҳастанд гуруҳҳо ва созмонҳои навбаромад, ки имрӯз оромию суботи ватанро намехоҳанд ва дар ҳаққи миллату давлат суханҳои носазо мегӯянд. Мо амалҳои зишти онҳоро дар хориҷи кишвар маҳкум менамоем ва аз ҳамаи онҳо даъват ба амал меорем, ки ба қадри сулҳу субот ва оромии Тоҷикистон расида, фирефтаи дасисаву афкори бегонагон нагарданд.
ТТЭ ҲНИ дар тамоми давраи фаъолияти худ, яъне аз охири замони шӯравӣ то имрӯз бо содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш ва даҳшатафканӣ худро ҳамчун як нерӯи тахрибкори ифротӣ ва дастгиёбанда аз ҷониби доираҳои иртиҷоии манфиатдори хориҷӣ нишон додааст.
Бо баробари ин наҳзатиҳо дар кишвар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштору гаравгонгирӣ , қочоқи аслиҳа ва маводи нашъадор, роҳзанию ғоратгарӣ ва аз худ кардани моликияти давлатию ҷамъиятиро ривоҷ додаанд.
Тамоми фаъолияти ин ҳизб он замон барои аз байн бурдани сохти конститутсионӣ, фалаҷсозии сохторҳои давлатӣ ва ба миён овардани як ҳолати бӯҳронии ноором равона гардида буд. Роҳбарони фирории ТТЭ ҲНИ имрӯз низ аз фаъолияти террористию ифротии худ даст накашидаанд, аммо бо мақсади бади худ нарасидаанд. Воқеаи мудҳише, ки дар шоҳроҳи Душанбе –Кӯлоб – Данғара дар нисбаи сайёҳони хориҷӣ рух дод, то ҳанӯз ҳеҷ сокини кишварро ором намегузорад. Бо ин ҷинояташон наҳзатиҳо мақсади барои сайёҳон ноором нишон додани Тоҷикистонро доштанд. Аммо онҳо ба мақсади бади худ нарасидаанд. Новобаста ба он шумораи сайёҳони хориҷӣ рӯз аз рӯз зиёд шуда, ватани азизамон Тоҷикистон гул-гул шукуфта истодааст. Мардуми мо огоҳу ҳушёранд ва дигар ҳаргиз намегузоранд, ягон гурӯҳи ҷинояткор дастболо шавад ва ба оромию суботи кишвар таҳдиди намояд.