ТЭТ ҲНИ ва муборизаи мафкуравӣ дар Аврупо

 Масъалаи таносуби дунявият ва диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон  яке аз муаммоҳои мубрами ҳаёти маънавии тоҷикон мебошад. Дар бораи моҳияти ин масъала каме поёнтар қазоват менамоем, вале ин қазоват қаблан ба он вобаста аст, ки дар ҷомеаи тоҷикон, ки зиёда аз 90 % аҳолиаш мусулмонон мебошанд, чи тавр сарҳади дунявияту диниятро муайян намуд. Вале хавф дар он аст, ки як гурӯҳ ҳизбиён, масалан, намояндагони ТЭТ ҲНИ, Салафия ва дигарон муколамаи дунявияту диниятро мехоҳанд барои амали гардонии мақсадҳои барои ҷомеаи тоҷикон бегона истифода баранд. Баъзан шахс ба ҳайрат меафтад, ки онҳо фаромӯш кардаанд, ки ҳодисаҳои солҳои 90-ум низ маҳз аз ҳамин гуна муколамаҳои тундгаро оғоз ёфта буд. Наход ин (ТЭТ ҲНИ) ашхоси ба ном “сиёсатмадорони миллатдӯст” мақсадҳои маҳдуди ҳизбии худро аз манфиатҳои умумимиллӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу ризоияти тоҷикон болотар гузоранд.  Шояд (ТЭТ ҲНИ)  “сиёсатмадорони навтавлид” марги падару модар, бародару фарзанд ва кӯдаки навзод, саргардонии миллионҳо тоҷикро дар берун аз хоки Ватан ва сӯхтани шаҳру деҳоти Тоҷикистонро бо чашми худ надидаанд. Шояд баъзеи онҳо(ТЭТ ҲНИ)  дидаанд, вале худро нодида мегиранд. Ин сиёсатмадорони навтавлид имрӯз иддао доранд, ки дар ҷомеа арзишҳои демократӣ ҷой дошта бошад. Бале, бояд ҷой дошта бошад, аммо биёед як бор аз онҳо бипурсем, ки куҷо буданд ин ба ном “қаҳрамонони дилсӯзӣ миллат”, ҳангоме, ки пайравони дирӯзаи онҳо садҳо, ҳазорҳо одамонро ба алангаи марг тела медоданд. Ёдовар карданием, ки давлати соҳибистиқлоли мо акнун 27 сола шуд. Дар ин радиф мехостем ба онҳо гӯшрас намоем, ки давлатҳое, ки таърихи 100-200 сола доранд аз камбудиҳо ори нестанд. Вале ҷомеаи Тоҷикистон дар тӯли 27- соли соҳибистиқлолии худ масофаеро тай намуд, он ба садсолаҳо баробар аст.

Боиси хурсандию сарбаландии миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст, ки тӯли 27 сол аз партави истиқлолият тоҷи заррини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёри мо бо рангу ҷилои нав медурахшад ва аз шӯълаи ҳаётбахши он, рӯзгори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рӯзафзун пайдо карда, манзилу маъво, шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сарбафалаккашидаи кишварамон равшантару пуршукӯҳтар гаштааст. Имрӯз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Намояндагони ТЭТ ҲНИ муборизаи мафкуравии худро аксаран ба таҷрибаи бунёди давлати демократи дар кишварҳои тараққикардаи Аврупо пайваст кардан мехоҳанд. Дар айни ҳол онҳо фаромӯш менамоянд, ки демократияи ғарби ба озодии виҷдон асос меёбад. Озодии виҷдон чист? Ин ҳуқуқи инсон оид ба муайян намудани муносибати худ ба ин ё он дин аст. Ба ҳеҷ кас, ҳатто ба исломиёни тундгаро низ ҳуқуқ дода нашудааст, инсонро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад. Агар касе аз лиҳози худшиносӣ худро мусулмон ҳисобаду на ҳамаи талаботи динро ба ҷо орад, ин ҳуқуқи ӯ мебошад.  Бояд эътироф намуд, ки ин ҳолати ғайридинӣ нест, балки демократияи ҳақиқист, ки миллионҳо одамон дар қитъаҳои Амрикову Аврупо ҳаёт ба сар мебаранд.

Мавҷудияти ин зиддиятҳоро  нишон дода, бояд зикр намуд, ки онҳо дар рафти муколамаи дунявияту исломи сиёсӣ ба миён меоянд.  Баробари ин,мавҷудияти арзишҳои демократиро дар ислом умуман инкор кардан дуруст нест. Масалан, мо чунин ҳолатро дар ҳамзистии дунявият ва исломи омӣ (халқӣ) дида метавонем, ки ҳар ҷониб ҳам барои мустаҳкам намудани пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳиссагузор мешаванд.

Истиқлолият ва бунёди давлати миллӣ тақозо менамояд, ки хотираи таърихии халқамонро эҳё  намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии худро аз нав барқарор созем ва барои рушду нумӯи забону адабиёт, илму фарҳанг ва мактабу маориф беш аз ҳар вақти дигар кӯшишу ғайрат намоем. Ин амал хело зарур аст, зеро дар ҳақиқат ҳам Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ бе дарки амиқи манфиатҳои умумимиллӣ ва шинохти масъулияти таърихии афроди ҷомеа пойдор нахоҳад монд.

 

Игамназаров Н.И.,

асисстенти кафедраи молшиносӣ

ва фаъолияти гумруки ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *