ТЭТ ҲНИ барои амалисозии ҳадафи нопок – ба даст овардани ҳокимият ва татбиқи он аз номи дини маъруфу шинохтаи олам баромад карда истодааст. Чунин рафтори разилонаи хоинони ватан мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони чаҳон қарор дорад.
Имрўзҳо беш аз пеш собит гардида истодааст, ки сабабгори аслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд ҳамин гурўҳҳои дингаро ва ифротӣ мебошад. Дар сари ҳамин гуна гурўҳҳои ифротӣ шахсияти хиёнатгори миллат Муҳиддин Кабирӣ буда, кўшиш менамояд, ки ҷавонони ноогоҳро ба сўи ҷангу хунрезӣ хонад. Барои ҳокимиятро ба даст овардан аз ягон кори зишт даст намекашад. Дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ маҳз ба василаи ҳамин симои манфур гоҳо мардуми тоҷик хурофотиву динзада муаррифӣ мегардад, ки боиси нигаронист. Маҳз бо ташаббуси ҳамин гуна шахсиятҳои хатарзо ва хиёнаткори ҷомеа баъзе давлатҳо майдони ҷангу хунрезӣ гардидаанд. Аз ин рў, салафияву ваҳҳобия ва ТЭТ ҲНИ мехоҳанд, ки дар кишвари мо оташи ҷангу хунрезӣ дубора авҷ гирад ва намояндагонаш ба ҳадафҳои нопок ва нанговари худ бирасанд. Ин гурўҳҳо имрўз берун аз кишвар бо дастуру супоришҳои ғаразмандона ва хиёнаткоронаи хоҷагони худ кўшиш доранд бо ҳар гуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок Тоҷикистонро дубора ноамн созанд.
ТЭТ ҲНИ имрўз мехоҳанд ҷавононро бо ташвиқу талқин ба афкори диниву манфиятҷўёни худ ба корҳои бад сафарбр кунанд. Маълум мешавад, ки афроде берун аз кишвар кўшиш доранд бо ҳаргуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок Тоҷикистонро дубора ноамн созанд. Дар асл метавон гуфт, ки ин гурўҳҳо мехоҳанд барои мардумро ба дину ҳурофотпарастӣ талқин намоянд. Маълум аст, ки дар замони имрўз бо мафкураи динӣ наметавон пеш рафт ва ба муваффақият расид. Аҳли илми ҷаҳонӣ борҳо гуфтаанд, ки замони дину хурофот кайҳо гузаштааст. Намояндагони гурўҳҳои мазкур аксаран аз илмҳои муҳими замонавӣ огоҳӣ надоранд. Як гурўҳҳои беилму хурофотзада, ки ба ҷуз суханони мутаасибони хоҷагони дигар ба ҳеҷ чиз бовар надоранд.
Мо мехоҳем, ки ҷавонони имрўза огоҳ бошанд, бештар китобҳоро мутолиа намоянд, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта бошанд. Роҷеъ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо маълумот дошта бошанд. Ҷавонони зиёд имрўз ба тарғиботҳои гуногуни гурўҳҳои ифротӣ бовар намуда, ба онҳо шомил шуда истодаанд. Намедонанд, ки зарбаи сахт на танҳо ба ватани хеш, балки ба оила, падару модар, пайвандони хеш мерасонанд.
Мо хеле хуб медонем, ки мардуми тоҷик дар солҳои баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ба чӣ бало гирифтор шуданд. Имрўза шароите, ки мо дорем ин меҳнати зиёда аз бисту шаш солаи Пешвои муаззами миллати мо, Президенти Љумњурии Тољикистон Ҷаноби Олӣ муњтарамЭмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро баъди ҷанги шањрвандї ба давлати ҷангзадаи мо инвеститсияҳо, робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо овардан ва ё барои омадан метарсиданд. Чи қадар ин зарба буд барои мо, зеро давлат ба ҷои рушд кардан ақибнишинӣ карда буд. Имрўз шукри давлат, ободӣ, пешравӣ ва осудагии онро намуда, ба ҳар гуна тарғиботҳо роҳ додан мумкин нест.
Аз ҷавонон даъват ба амал менамоем, ки огоҳ бошанд, ба давлати худ, модари худ, ватани худ ва сарвари он хиёнат накунанд, ки гуноҳи азмиеро дар назди ҳам давлат ва ҳам назди Худованд мегиранд.
Аз калонсолон бошад онро хоҳонем, ки ба ҷавонон корҳои нек, амалҳои солеҳро омўзонанд, ҳамроҳи онҳо бошанд ва одоби баланди шарқиёнаро таълим диҳанд.
Амнияти давлати мо дар дасти ҳар яки мост, мо худамон гирду атрофи хешро эҳтиёт намоем, ба рушди босуботи давлатамон саҳмгузор бошем.
Раҷаб Раҷабов,
устоди ДИС ДДТТ