Дар вазъи мураккаби ҷаҳони муосир падидаи номатлуби ифротгароӣ, ки тайи солҳои охир ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ҷони бисер инсонро рабудаву кишварҳои орому осударо ба бесариву нооромӣ табдил додааст, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.
ТЭТ ҲНИ – ғавғогари ҷомеа яке аз мушкилотҳои асосии имрўзаи ҷомеаи ба ҳисоб меравад, ки новобаста аз шакли идоракунӣ ба тамоми мамолики олам, аз ҷумла кишвари мо беасар нест. Терроризм ва ифротгароӣ дар ниҳоди худ зуҳуроти номатлуб аст. Ин зуҳурот боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйирот ба сохтори конститутсионии давлатҳо, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гашта метавонад.
Мавриди зикр аст, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ ва экстремистӣ яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони имрўза гаштааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала тавҷҷўҳи хоса зохир мекунанд.
Инчунин Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Прокуратураи генералӣ супориш дода буданд, ки дар ҳамкори бо дигар мақомотҳои дахлдори давлатӣ «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд. Ин пешниҳод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасдиқ расид.
Доир ба иҷроиши ин «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» аҳли хираду тамаддунгарои кишварамонро мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром ва муттаҳид бошему бар зидди ин зуҳуроти номатлуб овоз баланд кунем.
Аммо боиси таасуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби заиф будани ҷаҳонбиниву мафкураи сиёсӣ, паст будани сатҳи дониш ва ҳмчунин ба сабаби рушд наёфтани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ботинашон, фирефтаи ҳаргуна суханони хоинони миллат шуда ба доми гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худ, фарзандон ва оилаву наздиконашонро хира месозанд.
Мо, омўзгорон, бояд дар сафи пеш истода мубориза бар зидди ТЭТ ҲНИ ва гурўҳҳои ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм қарор бигирем, шогирдонро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намоем. Ҷавонон бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста такмил диҳанд, бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон ва зиндагии шоистаи мардуми мо аз ҷавонони имрўза, яъне насли навраси кишвар вобаста аст.
Аз ин рў аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меоварем, ки ҳаргиз фирефтаи суханҳои ин гурўҳҳои ифротгароӣ хиёнаткор яъне хоинони миллат нашаванд. Зиракии сиёсиро аз даст надода пайваста дар фикри ободии сарзамини азизи хеш бошанд, зеро Ватан барои ҳамаи инсонҳои сайёраи рўи замин, ононе, ки соҳибватананд, азизу муқаддас аст. Мо, ҳамагон, якҷоя бояд шукргузорӣ аз ҳастии чунин Ватани маҳбубу мақаддасамон кунем ва ҳаргиз ба душманони мллат, яъне хоинони миллат иҷозат надиҳем, ки Ватани маҳбубу муқаддасамонро бадном кунанд, ё дар андешаи парокандагии он бошанд.
Абдуғаниев Шавкатҷон Қучқорбоевич,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДИСДДТТ