Имрўзҳо ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳо ба монанди Ҳизби наҳзати ислом, “Анҷумани озоданшони Тоҷикистон” ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ пайдо шуданд, ки дастовардҳои кишвари соҳибистиќлоламонро нодида гирифта, бо суханҳои бесос нисбати љумҳурии азизамон ҳарф мезананд. Ашхоси дурӯя, хоин ва онҳое, ки бо андешахои бад нисбат ба давлат ва миллат доранд, бо анҷумане яке бо ном “озодандешон” ва дигар “Гуруҳи 24” таъсис дода, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Шахсони бо ном “озодандешон” ва дигар ифротгароён намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод, ифтихори оила ва саодатмандии кишвар аст, аммо баръакси ҳол, яъне шахси фитнаангез доғи дили падару модар, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошад. Хуб мешуд, ки ба ҷойи ин корҳои иғвоангезона, корҳои хайр ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои созанда барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуданд. Ҳаминро гуфтан мехоҳем, ки шахси солимақл, танҳо барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кушиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хосса пайдо мекунад, вале баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад. Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш чунин амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату халқ ҳатман ҷавоб хоҳад дод!