Терроризму ифротгароӣ вабои аср ва заволи зиндагии осуда

Рушди дастовардҳои илму техника, хусусан шабакаи умумиҷаҳонии интернет ҷараёни ҷаҳонишавиро вусъат бахшида, боиси бархурди тамаддунҳо гашта истодааст. Аз як ҷониб рушди шабакаҳои иҷтимоии мазкур ба тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ байни намояндагони ақида, арзишҳои гуногун, мусоидат карда, аз ҷониби дигар дар дасти гуруҳҳои нохалафи ифротӣ воситаи қавии гумроҳсозии аксарияти ҷавонон, тавассути ҷалби онҳо ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки барои мақсадҳои ғаразноки сиёсии чунин ҳизбу ҳаракатҳо, гумроҳсозии миллионҳо афроди ҷавон, коштани тухми низоъ ва ба эътидол овардани вазъи осудаи ҷамъият маблағҳои калон, барои паҳнкунии наворҳо ва маводҳои чопии характери ифротидошта ва дигар амалҳои деструктивӣ сарф карда мешавад.

Мутаассифона як зумра ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар асл ба дини мубини ислом заррае ҳам рабт надоранд ва аъмоли онҳо ба арзишҳои исломӣ тамоман зид аст, худро таҳти ниқоби “муборизони” арзишҳои дини Ислом муаррифӣ кардаанд. Чунончи яке аз олимони диншиноси машҳури замони мо Муҳаммад Саид Рамазон ал-Бутӣ дар китоби худ ба номи «Ал-Ҷиҳод» овардааст: “Ашхосе, ки бо даъвои сохтани давлати исломӣ, мардумро ба “ҷиҳод” даъват намуда, дар кишварҳои гуногун боиси сарзании муноқишаҳои ҷангӣ мегарданд, дар асл душманони дини исломанд”.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз омилҳои таҳдидкунанда ба сулҳу субот ва якпорчагии кишварҳои гуногун, азҷумла Тоҷикистони азизи мо, ин ҳаргуна гуруҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошанд, ки новобаста аз муборизаи шадид ва оштинопазири мақомотҳои дахлдор ба ҷамъяти мо таъсири манфии худро расонида истотаасд. Ҳазорҳо ҷавонон бо роҳҳои фиребу найранг ба доми ҷанг дар кишварҳои Сурия ва Ироқ кашида шуда, беному нишон гаштаанд.

Аз ин боис дар баробари мақомотҳои дахлдор, ҳар як узви ҷомеа низ барои эмин доштани ҷамъияти ободу осудаи худ талош варзад, огоҳ бошад ва якдигарро аз доми фиребу найранги гуруҳҳои ифротӣ ҳушдор созанд.

Яке аз сабабҳои фирефта шудани ҷавонон ба доми таълимоту тарғиботи ифротӣ ин паст будани сатҳи дониши арзишҳои аслии динӣ мебошад. Бояд на фақат дар мактабу донишгоҳҳо, балки дар ҳар як маҳаллаву ҷамоатҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шавад. Оиди гуруҳҳои ифротиву иеррористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар Тоҷикистон бештар маълумот дода шуда, аз мақсадҳои ғаразноки онҳо ҳамагон бояд бархурдор бошанд.

Масалан, яке аз чунин ҳизбҳои мамнуъ ва ифротӣ ин ҳаракати Ал-ихвон ал-муслимин, ва ё ба қавле “Бародарони мусулмон” мебошад, ки ин номи ин ибора барои дилхоҳ шахси ноогоҳ, дар назари аввал ягон хавфу хатарро гӯё эҷод намесозад. Аммо дар асл ин ҳизб таҳти ғояи Сайиди Қутб ном зодаи Миср, ки дар ИМА умр ба сар бурдааст ва муаллифи якчанд китобҳо ва маводҳои ифротӣ буда, ангезандаи ақидаҳои ифротиву террористӣ ва низову бесарусомонӣ дар кишварҳои гуногун мебошад. Гарчанд ба худи Сайиди Қутб ва аксар пайравони ӯ барои аъмоли террористиву ифротгароӣ ҳукми қатл дода шуда бошад ҳам, ҳаракати мазкур дар кишварҳои гуногун таҳти номҳои тағйирдодашуда ва зери ниқоби ташкилотҳои башардӯстона фаъолияти ғаразноки худро паҳн карда истодаанд. Аксарияти ташкилотҳои пасипардагии мазкур таҳти «Асотсиатсияи умумиҷаҳонии ҷавонони исломӣ» муттаҳид карда шудаанд, ки намояндагии худро дар кишварҳои Осиёву Аврупо, ИМА ва баъзе кишварҳои ИДМ доранд ва зери ниқоби ҳаракатҳои башардӯстона тавассути ташкил намудани фондҳои махсус, асосан дар байни ҷавонон корбарӣ намуда, барои кору фаъолият, таҳсил ба кишварҳои Арабистони Саудӣ, Миср ва дигарҳоравон намуда, дар ниҳоят онҳоро роҳгум мезананд.

Хушбахтона бо иқдом ва ҳидояти меҳрубононаи Пешвои муаззами милат садҳо нафар ҷавонон, ки дар мадрасаву донишоҳҳои исломии хориҷӣ таҳсил мекарданд ба кишвар бозхонда шуда, дар худи кишварамон ҳамаи шароитҳо барои сайқал додани донишҳои диниву дунявии онҳо фароҳам оварда шудааст. Ин яке аз роҳҳои муҳими пешгирии эҳтимолияти дар кишварҳои хориҷӣ шомил шудани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ мебошад.

Танҳо, дар сатҳи баланд огоҳ будан аз фитнаву найранг ва тарзу усули амалигардонии мақсадҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъшудаи ифротиву террористӣ, метавонад ҷавонони мо ва ҷамъияти осудаи моро аз ин вабои замона эмин нигоҳ дорад.

Далер Мирпочоев,
мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *